Вазирони хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Арабистони Саудӣ дар тамоси телефонӣ тавофуқ карданд дар моҳи Рамазон дидор кунанд. Мақомҳои саудӣ ин гуфтугӯҳоро аз муҳимтарин гомҳо барои наздикӣ миёни ду кишвар барои аз саргирии равобити дипломатик пас аз ҳафт сол медонанд.
Манобеъи хабарии Арабистон аз тавофуқи вазирони хориҷаи Ҷумҳурии Исломӣ ва Арабистони Саудӣ барои дидори дуҷониба ба манзури иҷроӣ кардани қарордоди сулҳ миёни ду кишвар пеш аз поёни моҳи Рамазон хабар додаанд.
Хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ рӯзи душанбе 27 март навишт: “шоҳзодаи Саудӣ Файсал ибни Фараҳон (вазири хориҷаи Арабистони саудӣ) ва ҳамтои эронии ӯ, Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён дувумин гуфтугӯи телефонии худро тайи камтар аз як ҳафта анҷом доданд ва тайи он дар бораи бархе аз мавзӯъҳои вобаста бо тавофуқи ахири ду кишвар, ки бо миёнҷигарии Чин ба даст омада, табодули назар карданд.”
Бино бар ин гузориш вазирони хориҷаи Эрон ва Арабистон дар тамоси телефонии худ ба тавофуқ расидаанд дар моҳи ҷории қамарӣ (Рамазон) бо якдигар дидор кунанд. Дар гузориши мазкур ба ҷузъиёти дақиқе дар мавриди таърих ва замони дидори ду тараф ишорае нашудааст.
Он гуна, ки мақомҳои саудӣ гуфтаанд, дидори вазирони хориҷаи Ҷумҳурии Исломӣ ва Арабистон, яке аз муҳимтарин гомҳо барои наздикӣ миёни Теҳрону Риёз аст то равобити дипломатики миёни ду кишвар, пас аз ҳафт соли таваққуф аз сар гирифта шавад.
Равобити дипломатик миёни Теҳрону Риёз аз соли 2016 ба ин су, дар пайи ҳамла ба сафорати Арабистон дар Теҳрон қатъ шуда буд. Ин ҳамла дар вокуниш ба эъдоми шайх Нимр Боқир Ал-Нимр, рӯҳонии шиа тавассути ҳукумати Арабистони саудӣ, тавассути гурӯҳе, ки Ҷумҳурии Исломи онҳоро “муътаризони худсар” мехонд сурат гирифт.
Эрону Арабистон охири соли гузашта бо миёнҷигарии Чин, тавофуқ карданд то равобити сиёсии худро аз сар гиранд ва зарфи ду моҳ сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои дипломатики худро дар хоки якдигар бозкушоӣ кунанд.
Вазорати умури хориҷаи Арабистони саудӣ дар ҳисоби корбарии расмии худ дар шабакаи Твиттер гуфтугӯи ҳафтаи гузашта миёни ин ду дипломати аршадро заминае барои бозкушои сафоратхонаҳо ва консулгариҳо байни ду кишвар хонда буд.
Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён аввалин гуфтугӯи телефонӣ бо Арабистон дар соли ҷадидро бо Файсал ибни Фараҳон, ҳамтои саудии худ дар нахустин соатҳои рӯзи панҷшанбе, 23 март барқарор кард.
Даъвати подшоҳи Арабистон аз Раисӣ
Муовини сиёсии дафтари Иброҳим Раисӣ, рӯзи якшанбе 19 март дар твитте аз даъвати подшоҳи Арабистон аз раисҷумҳури Эрон барои сафар ба Риёз хабар дода буд.
Муҳаммад Ҷамшедӣ дар ин твит аз тамоюли Малик Салмон ба тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва минтақаӣ бо Эрон сухан гуфта ва навишта буд Иброҳим Раисӣ низ аз ин даъват истиқбол кардааст.
Ин дар ҳоле аст, ки вокунише аз сӯи Арабистон дар иртибот бо ин хабар сурат нагирифтааст.