11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Як рӯзи хидмати сарбозони қирғиз дар марзи Тоҷикистон ду рӯз ҳисоб мешавад

Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров, дирӯз 22-юми феврал зимни як нишаст дар вилояти Бодканд гуфт, ки тасмим гирифтаанд, як моҳи хидмати сарбозонро дар ин вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон ду моҳ ҳисоб кунанд.

Ба гуфтаи Оқилбек Жапаров, дар соли равон аз ҳисоби буҷаи давлат таҷҳизоти низомии замонавӣ харидорӣ ва маоши хидматчиёни ҳарбӣ баланд карда шудааст.

Раиси Девони вазирони Қирғизистон гуфт, «моҳонаи марзбонон ва хидматчиёни Вазорати мудофиаи Қирғизистон аз моҳи майи соли гузашта 50-70 дарсад афзоиш дода шудааст.»

Гуфтанист, дар низои охир, ки моҳи январи имсол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба амал омад, аз ду ҷониб даҳҳо кас захмӣ шуда, аз тарафи Тоҷикистон ду кас кушта шуданд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *