Дар соли гузаштаи 2020 тақрибан 100 машқҳои гуногун дар қисмҳои пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон баргузор шудаанд.
Дар ин бора дафтари матбуотии хабар додааст.
Фармондеҳи ин пойгоҳи низомӣ полковник Сергей Горячёв ба манбаъи хабар гуфтааст, «барои такмил додани усулҳои нави амалиёти ҷангӣ, омодагии хуб барои истифодаи силоҳҳои ҷангии мототехникӣ, танк, артиллерия, хадамоти иктишофӣ ва дигар зергурӯҳҳо ҳангоми иҷрои амалиёт, бо истифода аз таҷрибаҳои ҷангӣ дар Сурия кӯшиш ба харҷ дода шуд «.
Дар Лоҳур, Сумбулӣ ва Ҳарб-Майдон машқҳои тактикии гурӯҳбонон, гурдони махсус бо иштироки қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуданд.
Гуфта шудааст, ки мувофиқи нақшаи тайёрии ҷангӣ барои соли 2020, миқдори соатҳо ба дарсҳои тайёрии тактикӣ дар муқоиса бо соли 2019-ум 8 дар сад зиёд шуда, дар робита ба афзоиши роҳпаймоӣ барои ронандагон шумораи соатҳои дарсҳои ронандагии ҷангӣ зиёд карда шуд. Илова бар ин, дар тӯли сол бо хизматчиёни ҳарбӣ зиёда аз 200 тирандозии воқеъӣ, тақрибан 3 ҳазор машқҳои тактикӣ, 1500 машқҳои омӯзишии амалиёти сӯхторхомушкунӣ, машқҳои оташфишони назоратӣ бо истифода аз БТР-82А, мошинҳои ҷангии пиёдагардони БМП-2М, танкҳои Т-72, силоҳҳои тирандоз ва норинҷак амалӣ шуданд. 1200 дарси ронандагӣ барои рондани воситаҳои нақлиёти ҷангӣ ва автомобилӣ бо паймудани 113 ҳазор километр ба иҷро расидаанд. Бештар аз 2800 дарсҳои низомӣ шабҳангом ба роҳ монда шудаанд.
Гуфтанист, Пойгоҳи низомии 201-и мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ аз ин кишвар ба шумор меравад. Пойгоҳ дар ду шаҳр — Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.