Мақомоти тандурустии Тоҷикистон аз ду рӯзи бидуни гирифторони нави коруно ва сабти ҳамагӣ 4 нафар дар 2 январ хабар доданд. Тибқи иттилоъи мақомот, беш аз 97 дарсади беморон шифо ёфтаанд ва танҳо ҳудуди 300 нафар, ки марҳалаи сабуки бемориро аз сар мегузаронанд, дар хонаҳояшон зери назорати табибон таботат мегиранд. Дар беморхонаҳо касе бистариӣ нест ва камтар касоне бо нишонаҳои Ковид-19 муроҷиат мекунанд.
Дар ҳоле, ки ҷаҳон бо мавҷи дуввуми вирус даст ба гиребон аст ва бештарин афзоиши шумори гирифторон низ дар моҳи гузашта будааст, ки якбора 20 миллион нафар гирифтор шуданд, Тоҷикистон аз пирӯзии тақрибан комил ба фируси коруно гузориш медиҳад. Абатта бинобар дурӯғҳои ҳамешагиву болохонадоре, ки мақомоти кишвар дар оморҳояшон ироа мекунанд, намешавад ба ин даъвои вазорати тандурустӣ ба пурруагӣ бовар кард. Вале пурсишҳои Паём ҳам нишон доданд, ки воқеъан беморӣ аз кишвар тақрибан рахт бардоштааст ва дар чанд бемористоне, ки қаблан садҳо нафар бистарӣ буданд, ҳеҷ гирифтору коруно табобат намегирад.
Вале чун мавзӯъи имрӯзаи мо коруно нест, баҳси бештар дар ин бораро ба вақти дигар мегузорем. Чигунагии ва омилҳои рафъи коруно аз кишвар ва саҳми мақомоту худи мардум дар он як баҳси комил бо ҷалби коршиносонро мехоҳад, ки Паём ҳатман рӯзҳои наздик ба он мепардозад.
Яке аз аввалин маконҳои ҷамъшавии мардум, ки бо қарори ҳукумат 18 апрели соли гузашта баста шуданд, масҷидҳо буданд, ки нӯҳ моҳ мешавад дарҳояшон куфлзадааст. Тоҷикистон шояд ягона кишваре дар ҷаҳон боқӣ мемонад, ки то ҳол намехоҳад дарҳои масоҷидро боз кунад. Дар ҳоле, ки бештари кишварҳо қабл аз иҷоза додан ба бозкушоии марказҳои савдову дилхушӣ, бозору мактабҳо иҷозаи ифтитоҳи масоҷидро дода буданд. Дар Тоҷикистон баръакс — бархе маконҳои ҷамъшавии мардумро аслан карантин накарданд, бархеи дигарро зуд иҷозаи фаъолият доданд. Бозору марокизи савдо, дискоклубу мактабу донишгоҳҳо, ки мардум баро соатҳо ҷамъ мешаванд ва шуморашон ҳам аз садҳо ба ҳазорҳо мерасад, кушода боқӣ монданд, аммо дарҳои масоҷид, ки мардум онҷо барои чанд дақиқа ҷамъ мешавад ва имкони сирояти вирус садҳо маротиба камтар аз маконҳои фавқуззикр аст, бастаанд.
Ягона посухи мақомот ба ин суол, ки чаро намехоҳанд ба фаъолияти маосҷид иҷоза диҳанд ин аст, ки онҷо бештар пиронсолон ҷамъ мешаванд, ки осебпазитарин қишри ҷомеъа дар муқобили вирус мебошанд. Оё воқеъан ин кор аз сироят ёфтани пиронсолон ҷилавгирӣ мекунад ва ҳимоят аз саломатии онҳост?
Сироҷиддин Ҳабибулло, табиби тоҷик дар Русия, ин ҳама муддат бо вируси коруно сару кор гирифтааст мегӯяд ин тасмими мақомот мисли ин аст, ки барои хунук наушдани хона шумо як тирезаи онро мебандед, аммо тирезаҳои дигар кушода боқӣ мемонанд.
“Агар пиронсолон дар як хона ё манзили алоҳида меистоданду ягон нафар аз наздиконашон ба онҳо дар тамос намешуд, ин қарор шояд фоидаовар буд ва саломатии пиронсолонро ҳифз мекард. Вале вирусро фарзандони онҳо аз бозор ё мағоза, набераҳояшон аз мактаб метавоанд ба хона ораду онҳоро сироят кунонад. Дар бештари ҳолатҳо кӯдакону наврасон паҳнкунандаи асосии вирус ҳастанд, чунки дар худашон нишонаҳои он дида намешавад. Як таҳқиқот дар Ҳиндустон нишон додааст, ки 68 дарсади гирифторшудагон аз кӯдакону наврасоне сироят шудаанд, ки худашон аз бемориашон хабар надоштаанд” — гуфт табиб ба Паём.
Ба гуфтаи ӯ баръакс бастани масҷид агар имкони сироятро зиёд ҳам накард, имкони бо душворӣ гузарондани бемориро барои пиронсолон бештар мекунад: “Қадамзанӣ дар рафту омад ба масҷид ва ҳавои тоза иммунитети онҳоро қавӣ менамояд, сӯҳбат бо ҳамсолонашон асабҳояшонро ором мекунад. Аммо дар хона ҳабс буданашон ҳам иммунитетро паст мекунад ва ҳам асабҳои онҳоро хароб мекунад. Дар натиҷа агар ба беморӣ гирифтор шаванд, онро бо мушкилӣ ва азоб мегузаронанд”.
Ин табиб таъкид кард “дар тамоми дунё ҳатто дар айни авҷи пандемӣ намозҳои ҷамоа дар масоҷид баргузор мешуданд, вале бо риояи фосилаи 1-метрӣ дар сафҳо ва бо бастани ниқобча. Дар Тоҷикистон ягон тадқиқоте гузаронида нашудааст, ки чанд фисад беморон дар макотиб, масоҷид, кучаю бозор ва нақлиёти ҷамъиятӣ сироят ёфтаанд, пас аҳли масоҷидро ҷудогона эҳтиёт кардан бештар муҷозоту маҳдудкуниро мемонад, на меҳрубонии мақомотро”.
Ҷаннатуллоҳи Комил, донишманди шаръ мегӯяд “агар дар ҳақиқат мақсади ҳукумати Тоҷикистон аз бастани дари масҷидҳо пешгирӣ аз хатари вирус мебуд, пас дар он ҳангом на танҳо дари масҷидҳо, балки дари он ҳама марказу тӯйхона ва дискотекаҳоро низ, ки хатари паҳншавии вирус дар онхо ба маротиб бештар аст, баста мекард. Зеро ихтилоте, ки дар бозору тӯйхона ва марказу дискотекаҳо мешавад ба маротиб бештар аз масҷидҳо аст.
Аммо ине, ки ҳама ҷо боз аст ва мардум бемалол ва бе мамониат ҷамь мешаванд ва танхо дари масҷидҳо баста аст, пас фахмида мешавад ки ин тасмими ҳукумат барои бастани дари масҷидҳо на пешгирӣ аз вирус балки як намуд бадбини ба арзишҳои динӣ аз ҷумла масҷидҳо мебошад. Бадбинӣ ва душмании ҳукумат низ ба арзишҳои динӣ барои касе ҳам пӯшида нест. Метавон мисоли онро дар тарошидани риши мардон, гирифтани ҳиҷоби занон ва даҳҳо мисоли дигар баён кард”.
Ба гуфтаи Ҷаннатуллоҳи Комил ин амалкарди ҳукумат авоқибе низ дар ҷомеъа дорад. Аз чумла:
“1. Дур кардани мардум аз маконҳои ибодат ва ночизу бетаъсир нишон додани онҳо дар назари мардум. Ва ё умеди мардумро аз бузургӣ ва қудрати Худо кам кардан.
2. Маҳрум сохтани ҷавонону мардон аз таълиму тарбияи динӣ, ки аз муҳиммоти зиндагии як мусалмон аст. Ин кор на танҳо ба фарҳанги ҳазорсолаи исломии мардум таъсири манфӣ мерасонад, балки ҳади ақал боиси афзоиши ҷиноятҳо мегардад.
3. Гусастани риштаҳои меҳру муҳаббати исломӣ, ки дар натиҷаи ҳамин маросимҳои исломӣ, аз ҷумла намози ҷамоъат ба вуҷуд меояд ва аз омилҳои ваҳдат дар ҷомеъа аст. Ва ин хоси танҳо ислом нест, балки бештари динҳо пайвандаги тобеъонашон ҳастанд. Бубинед, ҳатто дар кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ, ки барои пешгирӣ ва пайдо кардани воксин барои ин вирус дар ҷои аввал ҳастанд, дари масҷидҳо ва ибодатхонаҳоро набастаанд. Дар кишвари Олмон ва чандин кишвари дигар карантини саросарӣ эьлон карда, хама мактабу чойхона, дискотеку тӯйхона ва мағозаҳои ғайри хуроквориро бастанд, аммо дастур доданд ибодатхонахо боз бошанд, то мардум аз ибодату ниёиши худ бо парвардигорашон махрум набошанд. Онҳо бо ине, ки аз нигохи илмӣ ва техникӣ хеле пешкадаманд, аммо боз хам бо бастани дари тамоми маконхои ҷамьиятӣ, дари ибодатхонахоро боз монда мардуми худро ташвик мекунанд, ки барои пешгирӣ аз ин вирус, аз ибодату дуо низ кор гиранд.
4. Ин амали ҳукумат метавонад, нобоварӣ ва нигаронии бузургеро байни мардуми кишвар, ки аксари мутлак диндоранд ва байни ҳукумат эҷод кунад. Ва ин нобоварӣ дар оянда шояд бештар шуда сабаби эътирозҳои гуногун ҳам шавад”.
Масҷидбандӣ аслан бастагие чандоне ба коруно надорад. Ин ҷараён баъди интихоботи соли 2010, аниқтараш қабули протоколи 3220 дар соли 2011 шурӯъ шудааст. То расидани пойи коруно ба кишвар, мақомот бо баҳонаҳои гуногун, ки аслитаринашон надоштани ҳуҷҷат гуфта мешуд, беш аз ними масҷидҳои кишварро бастанд. Ҳамчунин фишор болои ҷавонони масҷидрав то ҳаде боло рафта буд, ки қабл аз коруно камтар ҷавоне ҷуръат ба масҷидравӣ мекард. Танҳо фаъол будан ар рафтан ба намози бомдоду ишоъ сабаб боздошти даҳҳо ҷавон ва ба онҳо задани иттиҳоми салафиву равонаи зиндон шуданашон гашта буд.
Ҳарчанд маомот то охир ар оморҳояшон шумори мавоҷид дар кишварро беш аз 4 000 адад мегуфтанд, як Паём нишон дода буд, ки дар кишвар 2 000 ҳам масҷид боқӣ намондааст.
Бо вуҷуди ин ки мақомоти маҳаллӣ, Кумитаи дин, ВКД ва КДАМ дар ҳисоботҳои нимсолаву нишастҳои матбуотиашон солона аз бастани садҳо масҷид ҳисобот медоданду масҷидкушоӣ комилан қатъ гашта буд, омори расмӣ дар бораи шумори масоҷид тағйир намекард.
Ҳоло ҳам мақомот дар бораи масоҷид чунон ҳарф мезананд, ки ҳамаи масоҷид боқӣ мондаанд ва ҳамаашон амал мекунанд. Барои мисол чанд рӯз қабл Рустами Эмомалӣ. шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллӣ айнан чунин гуфт: “Қайд кардан ба маврид аст, ки айни замон дар шаҳри Душанбе маҷмӯан 74 масҷид фаъолият доранд, аз ин шумора 19 масҷиди ҷомеъ, 55 масҷиди панҷвақта мебошанд”. Дар ҳоле, ки дари ҳатто масҷиди марказӣ баста аст ва ҳеҷ масҷиде фаъолият намекунад.
Мубориза ба масоҷидро ба нафрати шахсии раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба хонаҳои Худо низ бастагӣ медиҳанд. Тибқи иттилоъи манбаъҳои гуногун ӯ аз дидани бино, бахусус манораи масҷид сахт дар ғазаб мешавад ва зердастонашро бо қабеҳтарин алфоз дашном медиҳад. Ин аст, ки қабл аз ҳар сафари ӯ ба манотиқ чанд манораи масҷид тахриб мешуду мешавад.
Ба назар мерасад, мақомот дар фикри боз кардани масоҷид нестанд. Зоҳиран мунтазиранд кай мардум ба кӯчаҳо мерезад, то на танҳо масоҷиди то шурӯъи коруно фаъолбуда, балки масоҷиди ғасбшудаву ба идораҳои маъмурӣ табдилшударо низ бозпас бигирад.