Рубрики Хабарҳо

Вазири хориҷаи саудӣ дар дидор бо Амир Абдоллоҳиён аз сафари Раисӣ ба Арабистон истиқбол кард

Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён, вазири хориҷаи Эрон, дар сафаре ба Риёз бо Файсал ибни Фараҳон оли Саъуд, ҳамтои саудии худ дидор кардааст. Дар ин дидор  ибни Фараҳон гуфтааст, ки подшоҳи саудӣ аз сафари Иброҳим Раисӣ ба ин кишвар истиқбол мекунад. 

Ду тараф дар ин дидор нисбат ба густариши равобит ибрози умедворӣ кардаанд. 

Сафари Амир Абдуллоҳиён ба Риёз аввалин сафари як вазири хориҷаи Эрон ба ин кишвар зарфи ҳашт соли ахир аст. 

Пеш аз ин Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷаи қаблии Эрон, дар соли 2015 барои ширкат дар маросими даргузашти Малик Абдуллоҳ, подшоҳи вақти саудӣ, ба Риёз рафт. 

Пас аз он ҳуҷуми басиҷиҳо ба сафорати Арабистон дар Теҳрон ва консулгарии ин кишвар дар Машҳад ба қатъи робита байни Теҳрон ва Риёз анҷомид. 

Ду кишвар чанд моҳ пеш бо миёнҷигарии Чин равобиташонро аз сар гирифтаанд. 

Амир Абдуллоҳиён ва ибни Фараҳон оли Саъуд рӯзи панҷшанбе пас аз дидор ва гуфтугӯ дар нишасти хабарии муштараке ҳозир шуданд ва матолиберо баён карданд. Дар ин нишасти хабарӣ пурсише аз тарафи хабарнигорон матраҳ нашуд. 

Файсал ибни Фараҳон дар ин нишасти хабарӣ гуфт: “подшоҳи Саудӣ чашминтизори сафари раисҷумҳур Раисӣ ба Арабистон аст.” 

Хабари даъвати Риёз аз Иброҳим Раисӣ чанд моҳ пеш мунташир шуда буд ва Теҳрон ҳам мутақобилан Малик Салмонро барои сафари расмӣ даъват кард. 

Ду моҳ пеш Файсал ибни Фараҳон сафаре ба Теҳрон дошт. Пеш аз он, охирин сафари як вазири хориҷаи саудӣ ба Эрон ба соли 2006 бозмегашт. 

Амир Абдуллоҳиён гуфтугӯҳои худ бо ҳамтои саудиашро “натиҷабахш ва муҳим” хонд ва гуфт равобити ду кишвар “дар масири дурусти худ қарор дорад ва рӯ ба пешрафт аст.” 

Вазири хориҷаи Эрон аз ҷумла ибрози умедворӣ кард, ки тимҳои футболи ду кишвар бозиҳои дӯстона ва тадорукотӣ бо якдигар дошта бошанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *