Вазири мудофиаи Ӯзбекистон Баҳодур Қурбонов рӯзи 14-уми март бо сафари якрӯзаи корӣ ба Тоҷикистон меояд.
Тавре хабаргузории Азия Плюс бо такя ба манбааш дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар доираи ин сафар Қурбонов аз машқгоҳи ҳарбии “Фахробод”, ки дар он ҷо тамринҳои зиддитеррористии воҳидҳои таъиноти махсуси вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷараён доранд, боздид мекунад.
Зимни мулоқоти дуҷонибаи Баҳодур Қурбонов бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар бахши ҳамкориҳои ҳарбию техникӣ баррасӣ мешаванд.
Дар тамринҳои муштараки низомиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон амалиёти муштараки намояндагони артиши ҳар ду кишвар дар мавриди иҳота ва маҳви террористони шартӣ, ки дар қитъаи пайвастшавии сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон марзро убур кардаанд, мавриди санҷишу такмил қарор мегиранд.