Хабари ҳамлаи мушакии Исроил ба мавозеъи нерӯҳои низомӣ вобаста ба артиши Сурия ва шибҳинизомиёни Эрон аз ҷумла аз сӯи расонаҳои арабӣ мунташир шудааст. Дар Байтулмуқаддас дар асари ҳамла ба як худрав 14 сарбози исроили маҷрӯҳ шудаанд.
Артиши Исроил бомдоди рӯзи панҷшанбе шашуми феврал бори дигар ба мавозеъи нерӯҳои сурӣ ва ҳамчунин шибҳинизомиёни тарафдори Эрон дар наздикии Димишқ ҳамла кард. Ин хабар ҳанӯз аз сӯи манобеъи Исроили таъйид нашудааст. Манбаъи хабар ибтидо расонаҳои арабизабони Ал-Арабия ва Ал-Ҷазира ва ҳамчунин хабаргузории Спутник буд. Пас аз он, хабаргузории Ассошейтн Пресс низ ин хабарро таъйид ва такмил кард.
Хабаргузории расмии давлати Сурия САНО зимни таъйиди хабари ҳамлаи мушакии Исроил ба мавозеъи артиши Сурия ва нерӯҳои вобаста ба Ҷумҳурии Исломии Эрон аз муқобилаи падофанди ҳавоии ин кишвар бо мушакҳои шилликшуда аз сӯи Исроил хабар дод.
Бар асоси хабари мунташиршуда аз сӯи манобеъи арабӣ, ҳамалоти мушакии Исроил ба ҳавмаи шаҳри Димишқ, аз сӯи пойгоҳҳои низомии Исроил дар баландиҳои ҷавлон сурат гирифтааст.
Шабакаи телевизиони “Ал-Аробиҳ” ба нақл аз САНО навиштааст, ки ҳамалоти мушакии Исроил мутаваҷҷеҳи манотиқи Ал-Касуа, Мироҷ-ус-Султон, пули Бағдод ва ҷануби арзӣ воқеъ дар устони Диръо будааст.
Ҳамла дар Байтулмуқаддас
Аз сӯи дигар, дидабони ҳуқуки башари Сурия низ хабар аз инфиҷорҳои дар Димишқ додааст. Хабаргузори осушитдпрс дар гузориш худ аз кушта шудани 12 нафар дар ҷараёни ҳамалоти ҳавоии рӯз панҷшанбе, шашум феврал хабар додааст.
Хабаргузори Олмон (DPA) низ рӯзи панҷшанбе шашуми феврал бо интишор гузорише аз Тел-Авив дар бораи суъиқасде дар Байтулмуқаддас хабар додааст.
Артиши Исроил ин ҳамларо як ҳамлаи террористӣ хондааст. Гуфта мешавад, ки ронандаи ин худрав пас аз зер гирифтан як сарбози исроилӣ ба ҷамъи дигаре аз сарбозони исроилӣ ҳамла кардааст.
Дар ҷараёни ин ҳамла 14 сарбози исроилӣ маҷрӯҳ шудаанд. Ҳоли яке аз маҷрӯҳон вахим гузориш шудааст. Ронандаи худрав пас аз ҳамлаи ёдшуда муваффақ ба фирор шудааст. Ҷустуҷӯ барои ёфтани омили ин ҳамла ҳамчунон идома дорад.
Микей Росенфелд , сухангӯи полиси Исроил низ дар бораи ҳамлаи бомдоди панҷшанбе дар шаҳри Байтулмуқаддас эълом кардааст, ки бинобар арзёбии полис ронандаи ин худрав бо ангезаи террористӣ иқдом ба ин ҳамла кардааст.
Ҳамла бо худрав ба шаҳрвандони ғайринизомӣ ва ҳамчунин сарбозони исроилӣ дар Байтулмуқаддас зарфи соли гузашта борҳо мушоҳида шудааст.
Ҳамла бо худрав ба сарбозони исроилӣ дар Байтулмуқаддас танҳо соате пас аз ҳамла ҳавоии Исроил ба мавозеъи Ҳамос дар навори Ғазза сурат мегирад. Артиши Исроил эълом кардааст, ки ин ҳамла дар вокуниш ба шиллики мушак аз сӯи нерӯҳои Ҳамос анҷом шудааст.
Аз он гузашта, дар ҷараёни рӯёрӯии нерӯҳои интизомии исроилӣ бо мӯътаризон дар канори ғарбии рӯди Урдун, рӯз чаҳоршанбе панҷуми феврал як ҷавони 17 солаи фаластинӣ кушта шудааст.