Рубрики Хабарҳо

Вазорати дифоъ пешниҳод кардааст мӯҳлати хизмат дар артиш 1,5 шавад

Вазорати адлияи Тоҷикистон ба ин назар аст, ки кам кардани мӯҳлати хизмат дар артиш дар кам кардани облава мусоидат мекунад. 

Абдуманнон Холиқов муовини вазири адлияи Тоҷикистон дар рафти нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, қасд доранд мӯҳлати хизмати артишро то 1,5 сол поён баранд.

Муовини вазири адлия гуфт лоиҳаи қонун дар бораи поён бурдани мӯҳлати артиш аллакай пешниҳод шудааст. Ба гуфтаи ӯ пешниҳод аз ҷониби вазорати мудофиа ворид гардидааст.

Холиқов мегӯяд кам кардани мӯҳлати хизмат ба хотири аз байн бурдани облава аст.

“Лоиҳаи қонун равон карда шуд, ки дар он мехоҳанд мӯҳлати хизмати артишро ним сол кам намуда, ба якуним сол баробар кунанд. Мо  барои аблаваро аз байн бурдан, аввал мӯҳлати хизматро кам мекунем”, – гуфт муовини вазир.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *