Дар Ӯзбекистон ба нақша гирифтаанд, ки ба муаллимони макотиб музди иловагӣ пардохт карда шавад. Ин дар лоиҳаи қарори Девони Вазирон қайд карда шудааст.
Тағйирот дар Фармони раисҷумҳури Ӯзбекистон таҳти рақами 6 PF-6108 аз 6 ноябри соли 2020 «Дар бораи чораҳои рушди маориф ва илм дар давраи нави рушди Узбекистон» ва № ПП-4860 аз 13 октябри соли 2020 «Дар бораи кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсуси таълимӣ» «Дар бораи чораҳои боз ҳам такмил додани системаи таълими кӯдакони эҳтиёҷоти махсуси таҳсилотӣ» ворид карда шудааст.
Қарор аст, ки ба Қарори Ҳукумат аз 21 декабри соли 2005 «Дар бораи тасдиқи системаи такмили музди меҳнати кормандони соҳаи маориф» тағирот ворид карда шавад. Тибқи тағйирот, қисми якуми банди 4-и қарор ба тариқи зайл баён шудааст:
Пардохтҳои иловагӣ ба омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар барои роҳбарияти синф аз рӯи шумораи хонандагони синф:
То 15 хонанда — 26,4 дарсад;
Аз 16 то 20 хонанда — 31,6 дарсад;
Аз 21 то 25 хонанда — 36,9 дарсад;
Аз 26 то 30 хонанда — 42,1дарсад;
Вақте ки аз 31 нафар ва зиёда хонандагон ҳастанд — 52,8 нафар ба андозаи ҳадди ақали музди меҳнат пардохта мешаванд.
Афзоиши музди меҳнати омузгорони кишвари ҳамсояи Узбекистон дар ҳолест, ки омузгорони Тоҷикистон шикоят доранд тули чанд моҳ маоши худро нагирифтаанд. Ҳамчунин баъди эъломи зиёдшавии маоши кормандони буҷавӣ аз ҷумла омӯзгорон, ки гуфта мешуд аз моҳи сентябр то 15 дар сад изофа мешавад, то ҳол маоши касе аз кормандони буҷавӣ зиёд нашудааст. Иддае гуфтаанд, ки аз ҳисоби ҳадди ақалли маош дар Тоҷикистон 10 дар сад ба маоши кормандони буҷавӣ изофа шудааст.