Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон ба рӯзномаи Вашингтон Пост гуфтааст, ки Ашраф Ғанӣ омили суқути Афғонистон ба дасти Толибон аст. Карзай гуфт, ки ҳукумати Афғонистон суқут намекард, аммо фирори Ғанӣ боиси фурӯпошии ҳамаи чиз шуд.
Ӯ афзуд, ки кишварашро дар шароити бад раҳо намекунад.
Ҳомид Карзай аз камтарин раҳбароне аст, ки пас аз фурӯпошии низоми ҷумҳурият дар Афғонистон монд. Бо ин ҳол, Карзай дар мавриди ин тасмимаш ба Вашингтон Пост гуфт, ки аз амнияти худ мутмаин набудааст.
Интиқод аз Амрико
Раисҷумҳури пешини Афғонистон, дар бахше аз гуфтугӯяш бо Вашингтон Пост масъулияти комили вуҷуди фасод ва ришваситонӣ дар бахшҳои хадамот дар дарвони ҳукумати худро пазируфт, аммо гуфт, ки масъули қарордодҳои миллиарддолларӣ ва “фасоди бузург” Амрикост.
Дар канори ин, Ҳомид Карзай гуфт, ки аз лаҳзае, ки пай бурд ҷанги Амрико дар Афғонистон алайҳи мардуми Афғонистон аст, мавзеъи худро тағйир дод.
Ӯ гуфт: “ба ҳамин далел Толибонро “бародар” хитоб кардам.”
Дар ҳамин ҳол, Вашингтон Пост ба нақли яке аз мақомоти Толибон навишт, ки Толибон наметавонанд ба Карзай эътимод кунанд. Абдулҳақ Ҳамод, як мақоми Толибон дар вазорати иттилоот ва фарҳанг гуфт, ки Ҳомид Карзай аввалин касе буд, ки бо амрикоиҳо барои “ишғоли Афғонистон” ҳамкорӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, Карзай “ишғолро раҳбарӣ мекард”, пас Толибон чи гуна ба ӯ эътимод кунад.
Мусоҳибаи Вашингтон Пост бо Карзай замоне анҷом шуда, ки ӯ дар Кобул будааст.