Рубрики Хабарҳо

11 узбекистони дар Бучаи Украина ғайб задаанд (аксҳо)

Тибқи иттилоъи “” 11 шаҳрванди Узбекистон, ки замони ҳамлаи Русия дар шаҳри Буча қарор доштанд, бе ному нишон шудаанд. Ҷустуҷӯи онҳо аз 3 март шурӯъ шуда, то ҳол натиҷае надодааст.

Тибқи гузориши манбаъ, ҳудуди 50 нафар шаҳрвандони Узбекистон дар як ширкати фурӯши хӯроки зудтайёр кор мекарданд. Баъди шурӯъи ҳамлаи Русия корфармо тавонистааст 39 нафари онҳоро аз Буча хориҷ карда ба макони амн интиқол диҳад, аммо 11 нафар фурсат накардаанд. Вақте мошин барои баровардани онҳо ба Буча меравад, шаҳр аллакай аз ҷониби артиши русҳо забт шуда буд. Сарбозони рус ба сӯи мошин тир меандозанд ва ронанда пас мегардад.

Тибқи гуфтаи бародари яке аз ғайбзадаҳо, дертар онҳо кӯшидаанд мустақилона аз шаҳр хориҷ шаванд, ки баъдан тамос бо онҳо қатъ шудааст.

Буча шаҳре дар ҳавмаи Киев аст, ки аз ҷониби артиши Русия ишғол шуда буд. Баъди хурӯҷи русҳо мақомоти укроинӣ аз куштори дастаҷамъии садҳо мардуми мулк дар ин шаҳр гузориш доданд. 

Дар як , ки посбони анборе, ки онҳо истиқомат доштанд сабт шудааст, муҳоҷирони узбек худро бо ин номҳо муаррифӣ мекунанд:

Улуғбек Нуриддинович Амирқулов (соли таваллудаш), Фирдавс Ҳусайнович Маҷидов (2001), Валишер Алишерович Аскаров (1994), Сиратулло Сайфуллоевич Сафаров (2004), Камолиддин Усмонович Маҳмаражабов (1986), Муроджон Усмонович Ботуров (1992), Навруз Ҳасанович Ҳамроев (1999), Хумайнӣ Абдураҳмонович Сафаров, Ҳамидулло Абдурахмонович Абдуманноев (1991).

Манбаъ ҳамчунин акси 9 нафар аз ҷавонони ғайбзадаро нашр кардааст:

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *