Кормандони кофтукови ҷиноии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар пойтахт як қиморхонаи ғайриқонуниро ошкор карданд, ки онро шаҳрванди як ҳамсоякишвар роҳандозӣ карда, дар бино ба ғайр аз мизҳои қимор мошинҳои сершумори бозӣ низ насб кардааст.
Раёсати корҳои дохилӣ (ВКД) дар шаҳри Душанбе ном ва шаҳрванди кадом кишвар будани гумонбарро ифшо накардааст. Вале гуфта мешавад, ки ӯ дар бинои ҶДММ “Нассоҷии тоҷик” (Текстил) се ҳуҷраро ба иҷора гирифта, дар он қиморхона ташкил кардааст.
“Номбурда 17 дастгоҳи махсуси қиморбозӣ, мизу курсӣ, ҷевонҳои оҳанин ва дигар таҷҳизоти лозимаро омода карда, барои бозии бурднок муҳити мувоффиқу шароити муносибро фароҳам овардааст. Зимни тафтишот маълум гардид, ки номбурда аз ин фаъолияти ғайриқонунии худ маблағи зиёд ба даст меовард”, – гуфта мешавад дар гузориши мақомот.
Мақомот гуфтаанд нисбати гумонбар барои ташкил ё нигоҳдории қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ (моддаи 240 Кодекси ҷиноятӣ) парванда боз кардаанд ва тафтишот идома дорад.
Тибқи моддаи мазкур, ба гумонбар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 6 то 8 сол бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube