Хабарнигори «Азия Плюс» Абдуллоҳ Ғурбатӣ, дубора зери латукӯби афроди ношинос қарор гирифтааст.
Субҳи 29-уми май замоне ки хабарнигор аз маҳалли офатзадаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон гузориш омода мекара, аз ҷониби нафарони шахсияташон ҳанӯз номаълум лату кӯб шудааст. Қаблан Ғурбатӣ дар назди даромадгоҳи хонаи иҷорааш дар Душанбе мавриди ҳамла қарор гирифта буд.
Ба гуфтаи худи Абдулло Ғурбатӣ зимни таҳияи гузориш 3 нафар дар як мошин ба наздаш омада, яке аз онҳо худро раиси маҳалла муаррифӣ кардааст ва ӯро ба иғвоандозӣ муттаҳам кардаанд. Яке аз онҳо ба ӯ ҳамла карда ба замин меафтонад, сипас ба латукӯбаш идома медиҳад.
Баъди латукӯб онҳо зуд савори мошини «Опел-караван», рақамҳои давлатиаш «16780 АП 03» маҳалли ҳодисаро тарк карданд. Ғурбатӣ ба пулиси маҳаллӣ дар бораи латукуб хаттӣ муроҷиат кардааст.
Сообщение ПАЁМ.net.