Рубрики Хабарҳо

“Дастури қатъӣ”-и вазири қирғизгурез

Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон, ки аз замони ҳамлаи қирғизҳо ба хоки Тоҷикистон камтарин садое набароварда буд, баъди ором шудани сарҳад ногаҳон пайдо шуд ва “дастури қатъӣ”-е содир кард. Ӯ дар як ҷаласаи вазорат оид ба омодагӣ ба маъракаи даъват ба артиш “супориши қатъӣ” додааст, ки бештар фарзандони мансабдор ба хидмати ҳарбӣ ҷалб карда шаванд. 

Дастури вазир дар гумон аст, ки мансабдорони сатҳи худаш ва ҳатто як-ду зина поёнтарро шомил кунад. То ҳол дида нашудааст, ки дар Тоҷикистон фарзанди ҳеҷ вазир, муовинони вазирҳо, раисҳо, додситонҳо ва сардорони пулису амният то сатҳи ноҳия ба артиш ҷалб шуда бошанд. 

Қаблан раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳам чанд бор чунин “дастури супоришҳои қатъӣ” дар бораи ҷалби фарзандони мансабдорон содир карда буд, аммо сатҳи мансабдороне, ки шомили ин фармон шуданд, аз раисҳои ҷамоат ва раҳбарони мактаб боло нарафт. Боястӣ қабл аз судури чунин фармонҳо раисҷумҳур Рустаму Сомон ва вазирон ҳам фарзандонашонро ба артиш фиристода, ба дигарон намуна шаванд. Гуфтанист Рустами Эмомалӣ бидуни як рӯз хидмат дар артиш ба пояи генералӣ расидааст. 

Вазири дифоъ дар ҳоле бо “супоришҳои қатъӣ” худнамоӣ мекунад, ки на тӯли ду рӯзи ҷанг бо қирғизҳо, на баъди он ки даҳҳо сарбозаш кушта шуд камтарин вокунише нишон надод. Ба назар мерасид аз шунидани хабари ҷанг дар кадом сӯрохе пинҳон шудаасту мунтазири поёни он аст.  

Тибқи иттилоъи Вазорати дифои Тоҷикистон вазир ҳамчунин, ба бахшҳои марбутаи вазораташ дар робита ба ташхису муоинаи тиббӣ ва пешгирӣ аз ҷинояту роҳҳои ғайриқонунии даъват ба артиш низ “дастуру супоришҳои мушаххас” додааст.

Маъмултарин роҳи ғайриқонунии даъват сарбозшикор ё “облава” аст, ки қабл аз ба вазорат расидани Шералӣ Мирзо шурӯъ шуда, дар даврони ӯ низ “бомуваффақият” идома кардааст. Ба назар мерасад чунин фармонҳо танҳо барои худнамоӣ ва расонаҳо содир мешаванд ва худи масъулини вазорат ва кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ҳам медонанд, ки чунин фармонҳо ба чи хотир содир мешаванд ва амалан аз ҳамон утоқи маҷлис берун намераванд. 

Вазир ба масъулин таъкид доштааст, ки ба пӯшидани сару либоси низомӣ ва муомилаву муносибати хуб бо шаҳрвандон диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, кӯшиш намоянд, ҷавонони солиму бардам ва болаёқатро интихоб ва ба сафи Артиши миллӣ равона созанд.

Шурӯъ аз 1-уми октябр даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ, ки мардум онро “фасли облава” меноманд оғоз ёфта ду моҳ идома мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *