Рубрики Хабарҳо

Яман: Саудӣ ва Иморот дар муқобили ҳам!?

Яке аз аъзои баландпояи артиши Яман гуфтааст, ҷудоиталабони ҷануби ин кишвар рӯзи сешанбе (30 январ) кохи риёсатҷумҳурӣ дар Адан, пойтахти муваққатии давлати Ҳодӣ Мансурро  муҳосира кардаанд. Ба гуфтаи ин намояндаи артиш, онҳо контроли вурудии аслии кохро дар ихтиёри худ доранд ва афроди дохили кох  дар ҳабси хонагӣ қарор доранд.

Ҷудоиталабони ҷануби Яман хостори истиқлоли Ямани ҷанубӣ ҳастанд ва  Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз онҳо ҳимоят мекунад.

Яке аз фармондеҳони ҷудоиталабон низ гуфтааст, ки неруҳои ӯ горди муҳофизони Раёсатҷумҳурӣ дар Аданро дар контроли худ доранд.

Даргирӣ миёни артиши вафодор ба Абдураби Мансур Ҳодӣ ва неруҳои мавсум ба «Шурои интиқолии ҷануби Яман» аз якшанбеи гузашта оғоз шудааст. Ба гузориши “Салиби сурх”, аз он ҳангом то кунун  36 нафар дар ҷараёни даргириҳо кушта шудаанд. Неруҳои “Шӯрои интиқолии ҷануби Яман”-ро ҷудоииталабоне ташкил медиҳанд, ки хостори истиқлоли ҷануби ин кишвар ҳастанд.

Президент Ҳодӣ, ки давлаташ аз тарафи ҷомеаи байналмилалӣ ба унвони давлати қонунии Яман ба расмият шинохта мешавад, мавриди ҳимояти Арабистони Саудӣ аст ва «Шӯрои интиқолии ҷануби Яман» низ аз ҳимояти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бархурдор аст.

Иллати даргириҳо

Ба гузориши “Дойчевеле” Шӯрои интиқолии ҷануби Яман дар ҳафтаҳои гузашта аз президент Ҳодӣ хоста буд, ки Аҳмад бин Дағар, нахуствазир ва чанд вазири дигари давлатро ба хотири фасоди молӣ барканор кунад. Рӯзи якшанбе пас аз  поён ёфтани мӯҳлати зарбулаҷали Шӯрои интиқолӣ барои президент Ҳодӣ, даргириҳо миёни ду тараф оғоз шуд.

Даргириҳо дар Адан ба ҷанги дохилии Яман абъоди тозае бахшидааст. Солҳост, ки дар Яман ҷанг миёни шӯришчиёни Ҳусии мавриди ҳимояти Эрон бо неруҳои давлати президент Ҳодӣ бо ҳимояти Арабистон дар ҷараён аст.

Пас аз тасарруфи пойтахт ба дасти Ҳусиҳо дар соли 2014 мелодӣ, давлати президент Ҳодӣ маҷбур ба интиқоли мақари худ аз Санъо ба Адан шуд. Ҷудоиталабон низ аз неруҳои низомии вафодор ба президент Ҳодӣ  ҳимоят мекарданд.

Эътилофи низомӣ ба раҳбарии Арабистони Саудӣ дар ҳимоят аз давлати президент Ҳодӣ вориди ҷанг бо Ҳусиҳо шуд. Аз замони оғози вуруди ин иътилофи низомӣ ба ҷанги Яман то кунун, беш аз 9 ҳазор нафар дар ин кишвар ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 53 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Саудӣ ва Иморот рӯ дар рӯи ҳам

Бозиҳои қудратҳои минтақа дар Яман пас аз барканории Абдулло Солеҳ оғоз шуд. Дар ибтидо Ҳусиҳо бо Абдулло Солеҳ муттаҳид шуданд ва бар зидди давлати интиқолии Яман ҷангиданд. Дар ин ҷанг дар ибтидо Саудӣ ҳам аз Ҳусиҳо ҳимоят мекард. Аммо вақте Ҳусиҳо қудратро дар Яман ба даст гирифтанд Арабистон аз робитаи онҳо бо Эрон эҳсоси хатар намуд ва барои мубориза бо онҳо эътилоферо ташкил кард ва ҷангро алайҳи Ҳусиҳо оғоз намуд. Аммо дар ин ҷанг то ҳол пешрафти чандоне надоштаанд.

Сиёсатҳои баландпарвозонаи валиаҳди Саудӣ ва шоҳи Иморот минтақаро вориди буҳрони дигаре кардааст. Онҳо дар соли 2017 Қатарро дар муҳосира қарор доданд ва шарт гузоштанд, ки шабакаи Алҷазира дар ин кишвар баста шавад, робитаашро бо Эрон қатъ кунад ва пойгоҳи низомии Туркияро бибандад. Аммо ин амали онҳо сабаб шуд, ки Шӯрои ҳамкориҳои Халиҷ амалан аз ҳам бипошад. Зеро Кувейт дар ин моҷаро бетарафиро ихтиёр кард ва сиёсатҳояш нисбатан ба Қатар наздиктар боқӣ монд. Аммон ҳам, ки аз қабл сиёсати бетарафонае дар масоил дошт дар мавқеаш боқӣ монд. Ин кор боиси заифтар шудани эътилоф бо раҳбарии Саудӣ шуд.

Ҳамчунин ин сиёсати баландпарвозона, ки ба хотири муқобила бо Эрон барномарезӣ шуда буд, сабаби дурии Туркия аз Саудӣ ва Иморот ҳам шуд. Амалан онҳо Туркия ва Қатарро бо ин корашон дар канори Эрон қарор доданд. Ҳоло Туркия ва Эрон бо вуҷуди дар муқобили ҳам қарор доштан дар Сурия, ногузиранд барои муқобила бо таҳдидҳои хориҷӣ бо ҳам канор биёянд.  Ҳоло дар минтақа шоҳиди як эътилофи эълон нашуда ё иҷбории дигаре ҳастем байни Эрон, Қатар ва Туркия, ки бо вуҷуди эълон нашудан, амалан шакл гирифтааст.

Натиҷаи дигари сиёсатҳои баландпарвозонаи Саудӣ-Иморотӣ ҳам аз даст додани Сурия буд. Зеро ин эътилоф  кишварҳои минтақаро ончунон бо ҳам даргир кард, ки ҳукумати Башор Асад тавонист бо ҳимояти Русия ва Эрон варақро ба нафъи худ баргардонад ва пирузи ҷанг дар Сурия бошад.

Ҳоло ин ду муттаҳиди аслии эътилоф яъне Саудӣ ва Иморот дар муқобили ҳам қарор гирифтаанд. Бо боло гирифтани оташи ҷанг байни Шӯрои интиқолии Ямани ҷанубӣ бо ҳимояти Иморот ва ҳукумати Ҳодӣ Мансур бо ҳимояти Саудӣ сарнавишти Яман ва эътилоф чӣ хоҳад шуд?

Ба назар мерасад бештарин судро боз ҳам Ҳусиҳо бо ҳимояти Эрон хоҳанд бурд. Зеро агар Ямани Ҷанубӣ истиқлолияти худро ба даст оварад, дигар ҷанг бо Ҳусиҳоро вазифаи аввалини худ намедонанд, балки мехоҳанд ҳукумати худро таҳким бахшанд.

Ямани ҷанубӣ гузаштаи таърихии  мутафовите дорад. Ин кишвар дар соли 1967 мелодӣ, пас аз поёни тасаллути истеъмории Британия, «Ҷумҳурии демократии халқи Яман» ном гирифт. Ин кишвари сотсиалистӣ Аданро ба унвони пойтахти худ баргузид.

Дар муқобил Ҷумҳурии арабии Яман ё Ямани шимолӣ  аз соли 1918 кишвари мустақил бо як давлати муҳофизакор  буд. Пас аз истиқлол аз императории Усмонӣ Санъо пойтахти ин кишвар шуд.

Дар соли 1990 мелодӣ ду бахши шимолӣ ва ҷанубии ин кишвар муттаҳид шуданд ва ҷумҳурии Яманро поягузорӣ карданд, аммо раҳбарии ин иттиҳод дар ихтиёри  Ямани шимолии  собиқ буд.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *