Categories Хабарҳо

Илҳом Алиев боз президент мешавад

Дар интихоботи президентии Озарбойҷон, ки  моҳи октябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, президенти феълии ин кишвар, Илҳом Алиев аз ҷониби ҳизби “Озарбойҷони нав”  ҳамчун номзад пешбарӣ хоҳад шуд. Роҳбарии ҳизби номбурдаро низ худи Илҳом Алиев ба душ дорад.

Тавре Оҷонсии иттилоотии Русия “Новости” хабар медиҳад, котиби масъули ҳизби “Озарбойҷони нав”  Алӣ Аҳмадов рӯзи душанбе гуфтааст, «Номзад аз ҳизби мо Илҳом Алиев хоҳад буд, ман бовар дорам, ки ҷавонони мо ба пирӯзии ӯ дар интихобот мусоидат хоҳанд кард».

Қайд кардан ба маврид аст, дар ҳолати пирӯзӣ дар интихобот, ин бори ҷаҳорум мешавад, ки Илҳом Алиев барои ҳафт соли дигар ҳамчун президенти Озарбойҷон боқӣ хоҳад монд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли 2016 Сарқонуни ин кишвар тағйир ёфт ва роҳро барои боз ҳам дар интихоботи президентӣ ҳамчун номзад ширкат намудани Илҳом Алиев ҳамвор кард.

Дар кишварҳои пасошуравӣ маҳз барои ширкати президент ҳамчун номзад дар интихобот, тағйир додани Сарқонун таҷрибаи нав нест.

Дар ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нахуст тағйирот ба Сарқонун соли 1999 ворид карда шуда буд, асоситарини тағйирот иваз кардани муҳлати президентӣ аз ду давраи 5-сола то ба як давраи 7-сола буд.

Аммо баъди 4 соли дигар — соли 2003 дигарбора ба матни Сарқонун ислоҳ даромад.

Ин дафъа ҳадаф аз тағйирот фақат як чиз, дар қудрат нигаҳ доштани Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар сурати тамом шудани давраи ҳафтсолаи президентияш дигар ҳақ надошт, дар интихобот ширкат кунад.

Муҳимтарин ислоҳ низ ҳамин буд, ки як давраи ҳафтсолаи раёсати ҷумҳурӣ ба ду давраи пай дар пайи  7- солӣ мубаддал шуд.

Боз дар раъйпурсии рӯзи 22-уми майи соли 2016 ниме аз Сарқонунро дигар карданд. Ин дафъа муҳтавои тағйир ба Сарқонун авлодӣ намудани қудрат дар Тоҷикистон шуд. Ин дафъа ба Эмомалӣ Раҳмон  иҷоза дода шуд, ки минбаъд ба ҳайси “пешвои миллат” ба таври номаҳдуд номзадиашро ба мақоми президентӣ пешниҳод кунад.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *