Рубрики Хабарҳо

Раҳимзода барои “Дилшоди СБ” ба Маскав рафт

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба Маскав рафтааст, то бо ҳамтои русаш аз ҷумла боздошт ва истирдоди Дилшод Саидмуродов, нафари муттаҳам дар рабудану қатлли ноиби раиси «Ориёнбонк»-ро баррасӣ кунад

Тибқи иттилоъи дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон қарор аст Раҳимзода дар Маскав бо вазири корҳои дохилии Русия, генерал Владимир Колоколсев мулоқот мекунад.

«Масъалаи дастгир намудани ҷинояткор Саидмуродов Дилшод вобаста ба гаравгон ва куштори муовини раиси ҶСК «Ориёнбонк» Исматуллоев Шуҳрат ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ мегардад», — омадааст дар иттилоия.

Мақомоти тоҷик қаблан итилоъ дода буданд, ки 23 июни соли 2023, соати 20:10 дар кӯчаи Закариё Розии шаҳри Душанбе аъзои гуруҳи ҷиноятпеша ноиби раиси «Ориёнбонк»-ро зӯран ба автомашина савор намуда, баъдан дар натиҷаи шиканҷа ба қатл расондаанд.

Раҳбарии ин гуруҳро Дилшод Саидмуродов, мулаққаб бо номи «Дилшоди СБ», собиқ корманди мақомоти корҳои дохилии Тоҷиикстон ба уҳда доштаст, ки баъди содир намудани ҷиноят ба иттилои мақомот ба Русия фирор кардааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон ахиран дар ин робита изҳор дошт, ки бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят 13 нафар боздошт гардида, 3 нафари дигар ба хориҷа фирор намудаанд, ки онҳо ҳам ояндаи наздик дастгир хоҳанд шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *