Дар миёни 540 нафар муҳоҷири корие, ки дар шаҳри Краснодар аз сӯи мақомоти қудратии Русия боздошт шуданд, тоҷикон низ ҳастанд. Дар ин бора “Азия-Плюс” бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба иттилоъ медиҳад
Ба гуфтаи манбаъ, бархе тоҷиконро барои вайрон кардани қоидаҳои давлати иқомат аз Русия ихроҷ кардаанд.
Аз сафорат аз додани теъдоди муайяни муҳоҷирони тоҷики боздоштшуда ва ихроҷшуда худдорӣ карданд ва танҳо гуфтанд, “айни замон теъдоди муҳоҷирони тоҷики ихроҷшуда муайян шуда истодааст”.
Дирӯз, 28-уми август расонаҳои русӣ хабар доданд, ки теъдоди зиёди муҳоҷирон дар рафти кор дар яке аз ширкатҳои биносоз рӯзи 25-уми август боздошт шудаанд, ки ҳамаашон шаҳрвандони Осиёи Марказӣ мебошанд.
Гуфта мешуд, ки ҳуҷҷатҳои боздоштшудагонро тафтиш карда, аксариятро ҷавоб доданд. Онҳое, ки қоидаҳои давлати иқоматро вайрон карданд, аз Русия ба кишвари худ ихроҷ карда шуданд
Рейди густардаи муҳоҷирон аз сӯи Кумитаи тафтишот ва Хадамоти федералии амнияти Русия .
Беш аз се моҳ мешавад, дар шаҳрҳои гуногуни Русия рейдҳои густурдаи мақомоти интизомӣ баргузор гардида, муҳоҷирон тафтиш, боздошт ва ихроҷ мешаванд.
Аз ҷумла, кормандони мақомоти интизомии Русия муҳоҷирони тоҷикро дар ҳар ҷо — бозор, ҷойи кор, масҷид, ба шеваи ғайримақбул ва дар баъзе ҳолат таҳқиромез боздошту латукӯб мекунанд.