Рубрики Хабарҳо

Вазири хориҷаи Либия барои музокира бо ҳамтои исроилиаш барканор шуд

Дар пайи дидори ҳафтаи гузашта Наҷло Мингуш, вазири хориҷаи Либия бо Элла Коэн, ҳамтои исроилии худ дар шаҳри Рим, давлати Либия бо интишори баёнияе хонум Мингушро аз мақомаш барканор кард. 

Абдулҳамид Дабиба, нахуствазири Либия дар тасмими расмӣ, ки дар Фейсбук мунташир шуд ҳамчунин эълом кард, ки Наҷло Мингуш дар ҳоли ҳозир мавзӯъи як “таҳқиқи идорӣ” аст, ки тавассути комиссияе ба раёсати вазири додгустарӣ анҷом мешавад. 

Пеш аз ин агарчи вазорати хориҷаи Либия ин дидорро як “бархурди тасодуфӣ ва ғайри расмӣ” тавсиф карда буд, аммо интишори ахбори марбут ба ин дидор, мунҷар ба вуқӯъи эътирозоти хиёбонӣ дар чандин шаҳри Либия шуда буд. 

Вазорати хориҷаи Исроил низ рӯзи якшанбе дар баёнияи дидори вазирҳои хориҷаи ду кишвар дар ҳафтаи гузаштаро таъйид кард. 

Дар ин баёния омадааст, ки Элла Коэн, вазири хориҷаи Исроил ва хонум Мингуш, ҳамтои либиёии вай дар нишасте дар Рим ба мизбонии Антониу Тоҷонӣ сӯҳбат кардаанд. 

 Баёнияи давлати Исроил, ин иқдомро аввалин ибтикори дипломатики байни ду кишвар тавсиф карда ва афзудааст, ки потенсиали зиёде барои барқарории иртибот миёни ду кишвар вуҷуд дорад. 

Дар баёнияи вазорати хориҷаи Исроил ҳамчунин омадааст, ки ду тараф дар бораи “аҳамияти ҳифзи мероси яҳудиёни Либия аз ҷумла бозсозии канисаҳо ва гӯристонҳои яҳудиён дар ин кишвар” гуфтугӯ карданд. 

Баёния меофзояд: “вусъат ва мавқеияти стратегии Либия фурсати бузургеро барои Исроил фароҳам мекунад.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *