Рубрики Хабарҳо

Ҳокими мутлақи Кӯлоб

Бознашр аз Радиои Озодӣ

Таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки Бахтиёр Назарзода, шаҳрдори Кӯлоб, ки ду сол пеш ба ин мақом расидааст, аз мансаб ба фоидаи ширкати худ истифода мекунад, пули андозу барқро намесупорад, муассисаву хиёбонҳоро ба номи наздиконаш номгузорӣ кардааст ва гурӯҳе аз ҳисоби журналистон созмон додааст, ки ҳар амали ӯро шабакаҳои иҷтимоӣ бо иғроқ тавсиф мекунанд.

Моҳи апрел ба дасти Радиои Озодӣ санаде расида буд, ки ҳашт ширкату бино ва корхонаи вобаста ба наздикони , раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистон, беш аз 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ пули барқро насупоридаанд. Аз ин пеш дар бораи насупурдани пули андоз низ гузориш дода будем. Бег Сабур мансабдори давлатист ва ҳаққи машғул шудан ба тиҷоратро надорад, вале таҳқиқи Радиои Озодӣ дар Кӯлоб нишон дод, ки Бахтиёр Назарзода, шаҳрдори Кӯлоб низ аз Бег Сабур «пайравӣ» мекунад.

«Намемонанд пули барқу андозро ҷамъ кунем»

Радиои Озодӣ ба ин таҳқиқ замоне рӯ овард, ки чанд корманди идораи шабакаҳои барқии Кӯлоб ва идораи андоз шикоят карданд, ки шаҳрдори Кӯлоб монеи иҷрои вазифаҳои касбии онҳо мешавад ва барои ҷамъоварии маблағи андозу барқ монеа эҷод мекунад. Бахтиёр Назарзода рӯзи 14-уми август фишор ба кормандони идораи барқу андозро рад кард, вале гуфт, «пули барқу андозро марҳила ба марҳила месупоранд.»

Таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки бархе аз корхонаҳое, ки пули андозу барқро надодаанд, мустақим ё ғайримустақим ба раиси Кӯлоб тааллуқ доранд ё зери раҳбарии ӯ амал мекунанд. Худаш гуфт, ин корхонаҳо «ба наздикони ӯ тааллуқ доранд.»

Корхонаҳои саноатии Кӯлоб то кунун наздики чор миллион сомонӣ пули истифода аз барқро насупурдаанд ва беш аз 14 миллион сомонӣ аз андоз қарздор будаанд. Маъмулан корхонаҳои Кӯлоб хурд буда, пули каме ба андозу истифодаи барқ месупоранд, вале ин қарзҳо дар замони раҳбарии Бахтиёр Назарзода ҳамчун шаҳрдори Кӯлоб дар қиёс ба се соли пеш афзоиш ёфтаанд. Ду мақомдори идораи андоз ва идораи шабакаҳои барқӣ дар суҳбати сабтӣ, вале бо шарти зикр нашудани номашон гуфтанд, зери фишори шаҳрдор наметавонанд пули барқу андозро сари вақт ҷамъоварӣ кунанд. Ба гуфтаи онҳо, шаҳрдор бо ҳар баҳона онҳоро аз ситонидани пули андозу барқ аз бархе корхонаҳои хусусӣ ва давлатӣ бозмедорад.

Аз ҷумла ба дасти Радиои Озодӣ санаде расид, ки дар он дида мешавад, бинои ҳукумати Кӯлоб барқро истифода кардааст, вале то аввали моҳи августи имсол 58 ҳазору 657 сомонӣ пули онро надодааст. Меҳмонхонаи ҳукумати Кӯлоб беш аз 35 ҳазор сомонӣ пули истифода аз барқро насупурдааст. Бахтиёр Назарзода гуфт, сари вақт фармон медиҳад, ки пули барқро супоранд, вале мусоҳибони Радиои Озодӣ ва санадҳое, ки мо дар даст дорем, баръакси гуфтаҳои шаҳрдор ҳастанд.

Ширкате, ки қарзаш якбора зиёд шуд

Охири соли гузашта Радиои Озодӣ , ки “Муҷассамаи модар” дар даромадгоҳи Кӯлоб шабеҳи модари Бахтиёр Назарзода, шаҳрдори Кӯлоб аст. Он замон тарафдорони шаҳрдори Кӯлоб мавзӯи баҳсро ба дигар самт бурданд ва аз мавзуи аслӣ, арҷгузории як мансабдор танҳо ба наздикони худ, рӯ тофтанд. Баъдан, Радиои Озодӣ бо пайкарасозон ва шоҳидон суҳбат кард. Онҳо шоҳидӣ доданд, ки маҳз аз ҷониби шаҳрдор акси модараш пешниҳод шуда буд ва ин пайкара шабеҳи он сохта шуд.

Як тан аз рӯзноманигорони расонаи давлатӣ ба Радиои Озодӣ нақл кард, ки пас аз нашри матлаб рӯзноманигорон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ба бинои ҳукумат даъват шуданд. Яке аз муовинони раиси шаҳр бо онҳо суҳбат кард ва фармон дод, ки ҳар ҷое имкон доранд, “зидди мақолаи танқиди ҳайкали модар нависанд.” (Феҳристи даъватшудагон дар дасти Радиои Озодӣ мавҷуд аст)

“Раиси Кӯлоб, ки меҳмонхонаи шахсӣ ва дигар корхонаҳо дорад, ба ҳар шакле ба журналистон кам-кам кӯмак мекунад. Бештари журналистони маҳаллӣ ва расонаҳои маҳаллӣ ӯро тавсиф мекунанд. Вақте дар Радиои Озодӣ навишта шуд, ба ҳамаи онҳо ҳузурӣ ё тариқи телефон гуфтааст, ки акнун вақташ омад, ки аз ман ҳимоят кунед,”—гуфт, рӯзноманигори як расонаи давлатӣ.

Телевизион ва дигар расонаҳои давлатӣ то моҳи апрели имсол тақрибан рӯзе набуд, ки дар бораи “ободкориҳои Назарзода” гузориш нашр накунанд. Як тан аз зердастонаш, ки муддате бо шарҳрдор кор кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, “раис ба ҳадди ногуфтанӣ таърифро дӯст медорад. Бисёр нағз мебинад, ки на танҳо худи ӯ, балки падару бобову хусуру модарашро тавсиф кунанд.”

Ду тан аз журналистони расонаҳои давлатӣ гуфтанд, ки пас аз танқид кардани фаъолиятҳои шаҳрдор зери фишор қарор гирифтаанд.

Аз охири моҳи апрел тавсифҳои шаҳрдор камтар шудааст, ҳарчанд, ҳафтае нест, ки ба шеваи каме одитар дар шабакаҳои иҷтимоӣ давом ёбад. Ду мақомдор гуфтанд, ки рӯзи 27-уми апрел Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара Бахтиёр Назарзодаро танқид кардааст, ки “худашро кам намоиш диҳад ва бештар кор кунад.”

Бахтиёр Назарзода дар охирин нишасти матбуотиаш ба суоли Худоёри Валӣ, хабарнигори телевизиони Тоҷикистон гуфт, ки касеро барои таърифу тавсифаш хоҳиш намекунад.

Бо ин вуҷуд, шаҳрдор тарғиби гузаштагони худро бештар кардааст. Ҳоло дар гӯшаву канори шаҳр аксҳои Шариф Назар, бобои ӯро ҳамчун ширкатдори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва Саид Шариф, падари ҳамсарашро ҳамчун “Устоди варзиш” метавон мушоҳида кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *