Пас аз болоравии чандрӯза, имрӯз 16 қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон якбора 2,5 дарсад поин рафт. Дар ҳамин ҳол, арзиши доллари амрикоӣ баръакс афзоиш ёфтааст.
Тибқи додаҳои Бонки миллии Тоҷикистон, қурби рубли русӣ имрӯз 0,137 сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо нишондоди рӯзи қаблӣ 3 сомонӣ камтар аст.
Рукуди арзиши рубл дар ҳолест, ки чанд рӯзи охир баъди аз боло рафтан аз 0,131 то 0,141 сомонӣ муддате арзишашро дар атрофи 0,14 сомонӣ нигоҳ дошта буд.
Бонки миллии Тоҷикистон инчунин арзиши 1 доллари амрикоиро 10.9141 сомонӣ муқаррар кардаст, ки дар муқоиса бо нишондоди рӯзи қаблӣ каме болотар мебошад.
Нархи евро бошад дар баробари пули миллии Тоҷикистон каме поин рафта, муодили 11.88 сомонӣ шудааст.