Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон гуфтааст Муҳаммад Абдулкабир, муовини сиёсии нахуствазири ҳукумати Толибон ба унвони сарпарасти раёсатулузро (нахуствазир) дар Кобул таъйин шудааст. Дар ин бора ВВС хабар медиҳад.
Муҷоҳид гуфт: “мӯҳтарам Мавлавӣ Абдулкабир Соҳиб, сарпарасти раёсатулузро шуда. Барои як муддати муваққат, ки раисулузро (Муҳаммад Ҳасан) дар рухсатии ид ба Қандаҳор рафтааст ва баъдан маризӣ ҳам доштанд, ки хостаанд каме истироҳат кунанд. Ба ҳамин далел муовини сиёсии раёсатулузро кафолати ӯро дар кораш анҷом медиҳад.”
Муҳаммад Абдулкабир яке аз аъзои аршади раҳбарии Толибон ва муовини сиёсии нахуствазири ҳукумати Толибон будааст. Абдулғанӣ Бародар ва Абдуссалом Ҳанафӣ ду муовини дигари нахуствазири ҳукумати Толибон ҳастанд.
Ӯ дар давраи аввали ҳокимияти Толибон муовини дувуми Шӯрои вазирон, волии Нангарҳор ва масъули ҳавзаи шарқи Толибон будааст. Ў мисли бисёре аз раҳбарони Толибон дар феҳристи таҳримҳои Созмони милали муттаҳид қарор дорад ва муттаҳам ба тарроҳии шуморе аз ҳамалоти хунини ин гурӯҳ дар ҷараёни 20 соли гузаштааст, ки дар ин муддат ӯ ба унвони раиси “Шӯрои Пешовар”-и Толибон ва ҳамчунин раиси комиссияи даъвати Толибон нақш ифо кард.
Дар моҳҳои ахир ӯ бисёр кам дар анзори умумӣ дида шуда ва моҳҳост, ки хабаре аз нишастҳои кобинаи Толибон ба раёсати ӯ дигар аз сӯи хабаргузориҳои давлати таҳти контроли Толибон мунташир намешавад.
Гузоришҳое ҳам вуҷуд дошта, ки ӯ вазъияти саломатии хубе надорад ва Муҷоҳид низ таъйид карда, ки далели канорагирии “муваққат”-и ӯ аз кори нахуствазирӣ, беморӣ аст.
Ахиран Муҳаммад Ҳасан Охунд, бо Муҳаммад ибни Абдурраҳмон оли Сонӣ, нахуствазир ва вазири хориҷаи Қатар дар Қандаҳор дидор кард ва гумоназаниҳоро дар мавриди ин ки пойтахти сиёсии Афғонистон аз Кобул ба Қандаҳор мунтақил шуда, бештар сохт.
Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари Толибон дар Қандаҳор мустақар аст ва бисёре аз ҳайатҳои хориҷӣ акнун дар сафар ба Афғонистон ба Қандаҳор сафар мекунанд то бо волии Қандаҳор ва дигар афроди наздик ба раҳбари Толибон дидор кунанд.