Додгоҳи олии Исломобод ҳукми озодӣ ба қайди васиқа дар бораи нахуствазири собиқи Покистонро содир кард.
Додгоҳи олии Исломобод дар чорчӯби парвандаи фасоди молӣ Умрон Хон, нахуствазири собиқи Покистон, ҳукми озодии вайро содир кард. Ин додгоҳ ҳукми ҳабси 3 сол дар бораи Хонро ба ҳолати таълиқ дароварда ва ӯро ба қайди васиқа озод кард.
Умрон Хон пештар дар Додгоҳи олии Исломобод ба иттиҳоми фурӯши ғайриқонунии ҳадяҳое, ки ду даврони нахуствазирии худ аз мақомоти кишварҳои хориҷӣ дарёфт кардааст, муҳокима шуд. Хон дар чорчуби ин парванда муҷрим шинохта шуда ва ба 3 соли ҳабс маҳкум шуд.
Нахуствазири собиқи Покистон дар 5 августи ҷорӣ дар манзили худ дар Лоҳур тавассути нерӯҳои амниятӣ боздошт шуд. Хон дар 8 август низ тавассути Комиссиюни интихоботи Покистон ба муддат 5 сол аз анҷоми фаъолиятҳои сиёсӣ манъ шуд.
Тибқи қавонини Покистон нахуствазирон, вазиро, бюрократҳо ва мақомоти аршади давлат бояд ҳадяҳоеро, ки аз мақомоти кишварҳои хориҷӣ дарёфт мекунанд, ба идораи давлатӣ мавсум ба “Тӯшахона” иблоғ кунанд.
Гуфта мешавад ҳадяҳои додашуда ба Умрон Хон дар даврони нахуствазирии ӯ ба ин идора иблоғ нашудаанд.
Арзиши ин ҳадияҳо 490 ҳазор доллар эълом шуд.
Умрон Хон дар ҳоли ҳозир дар зиндони Атак воқеъ дар шимоли Покистон нигаҳдорӣ мешавад.