Рубрики Хабарҳо

Раҳмон фармони бардоштани пурраи лимити барқро дод. Оё иҷро мешавад?

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба ширкати “Барқи тоҷик” супориш додааст маҳдудияти барқасонӣ аз байн бардошта шуда, аҳолии кишвар шабонарӯзӣ бо барқ таъмин карда шавад. Гуфта мешавад фармони Эмомалӣ Раҳмон дар пайи бориши барф ва сардиҳои рӯзҳои охир содир шудааст. 

Телевизиони “Тоҷикистон” дар гузорише, ки дар ин бора нашр кард, таъкид мекунад, ки аз 11 январ маҳдудияти барқ дар кишвар пурра бардошта шуда, аҳолӣ шабонарӯзӣ бо барқ таъминанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон қаблан дар маҷлиси охири ҳукумати кишвар дар соли 2022, ки рӯзи 29 декабр баргузор гардид, ба масъулин супориш дода буд, ки аҳолиро бо барқу гармӣ таъмин намоянд. Аммо ин фармони Раҳмон ҳам зоҳиран барои таблиқ буд, ки амалӣ нагардид. 

Қаблан сардиҳо, ки гӯё дар натиҷаи он обҳо ях мебастанд, яке аз сабабҳои ҷорӣ шудани лимити барқ мешуд, аммо ҳоло масъулин иддао доранд то ин замон “бо сабаби норасоии мавсимии захираҳои обу энергетикӣ, ки аз рӯи ҳисоби мутахассисон, дар давраи тирамоҳу зимистон ба қадри зиёда аз 1 милиард квт. соат пешгӯӣ шудааст”, маҳдудиятҳо ҷорӣ шуда буданд ва баробари фаро расидани хуникиҳо ва фармони раисҷумҳур, маълум шуд барқ ҳатто дар сардиҳо ба кулли кишвар мерасад. 

“Барқи Тоҷик моҳҳо маҳдудиятҳоро эътироф намекард ва мисли ҳамеша баҳонаи таъмири хати интиқолу траснформаторҳоро меовард. Аммо Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш назди роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Норак эътироф кард, ки дар кишвар лимити барқ вуҷуд дорад, аммо онро муваққатӣ хонд.

“Ҳоло бо истифода аз рӯзҳои мусоид дар кишвари мо низ маҳдудияти интиқоли барқ амал карда истодааст. Вале ин ҳолат муваққатӣ буда, ба хотири дар фасли сармо бо барқ пурра таъмин намудани аҳолӣ ҷорӣ шудааст”, — гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон.

Гуфтанист, бештари фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон популистӣ ва барои бинандагону шунавандагони ахбор аст ва дар аксар ҳолат иҷронашуда боқӣ мемонад. Гоҳе барои чанд рӯз иҷроӣ шуда, баъдан ба ҳолати пештара бармегардад. 

Имкон дорад ин фармони раисҷумҳур ҳам популистӣ бошад ва ба зудӣ аз маҳдудиятҳо дар саросари кишвар дубора садоҳо бархезанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *