Нахуствазири Арманистон мегӯяд, сиёсати кишвараш мабнӣ бар такяи сирф ба Русия барои кафолати амнияти худ як иштибоҳи стратегӣ будааст, зеро Маскав қодир ба анҷоми ин кор набуда ва дар ҳоли коҳиши нақши худ дар минтақа аст.
Никол Пашинян, дар мусоҳибае бо рӯзнома итолиёии “Ла Република”, ки рӯзи якшанбе мунташир шуд, Русияро ба нотавонӣ дар таъмини амнияти Арманистон дар бархӯрд бо ба гуфтаи ӯ “таҷовузгарии” ҷумҳури Озарбойҷон бар сари минтақаи ҷудошудаи Қарабоғи Кӯҳӣ, муттаҳам кард.
Пашинян бо ишора ба ин, ки Маскав як паймони дифоъӣ бо Арманистон ва як пойгоҳи низомӣ дар онҷо дорад, таъкид кард, ки бо ин ҳол Русия дар ҳоли коҳиши нуфузаш дар минтақаи Қафқози ҷанубӣ аст.
Ба гуфтаи вай, Ереван аз ин рӯ дар талош аст то тартиботи амниятии худро чандтарафа кунад. Ин мавзеъи Пашинян эҳтимолан ишорае ошкор ба равобитт Ереван бо Иттиҳодия Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида ва талошҳои ин кишвар барои эҷоди равобити наздиктар бо дигар кишварҳои минтақа аст.
Пашинян дар бахши дигаре аз ин гуфтугӯ мегӯяд: “таъмини амнияти Арманистон 99.99 дарсад бо Русия муртабит буд, аз ҷумла замоне, ки сӯҳбат аз хариди таслиҳот ва муҳиммот матраҳ мешавад. Аммо имрӯз мебинем, ки Русия худ ба силоҳ, аслиҳа ва муҳиммот (барои ҷанг дар Укроин) ниёз дорад ва дар ин шароит қобили дарк аст, ки ҳатто агар бихоҳад, наметавонад ниёзҳои амнияти Арманистонро бароварда кунад.”
Нахуствазири Арманистон дар идома афзуд, ки ин мисол нишон медиҳад вобастагии сирфи кишвараш ба як шарик дар масоили амниятӣ як иштибоҳи роҳбурдӣ аст.
Суханони Пашинян ба гунае инъикосгари норизоиятҳои дохилии мардуми Арманистон аз такя ба Русия аст, зеро бисёре аз афкори умумии ин кишвар, Маскавро дар дастёбӣ ба аҳдофаш дар ҷанги шикастхӯрда муттаҳам мекунанд.
Маскав дар гузашта ба чунин интиқодоте аз сӯи Укроин посух дода ва таъкид кард, ки авлавиятҳои сиёсати хориҷии ин кишвар ба далели ҷанг дар Укроин тағйир накардааст.
Пашинян дар бахши дигаре аз ин мусоҳиба неруҳои ҳофизи сулҳи русиро, ки барои ҳифзи тавофуқи оташбас ба Қарабоғ эъзом шудаанд муттаҳам кардааст, ки вазифаҳои худро ба хубӣ анҷом надодаанд.
Дар ҳоле, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ то ҳол вобастагиҳои зиёде, аз ҷумла Тоҷикистону Қирғизистон вобастагие комиле аз Русия доранд, Арманистон ягона кишвари Қафқоз боқӣ мондааст, ки комилан вобастаи Русия аст. Дар сурати чархиши ин кишвар ба Ғарб Русия баъди Прибалтика нуфузаш дар Қафқозро ҳам аз даст хоҳад дод.