Рубрики Хабарҳо

Боз 87 000 тоҷик шаҳрванди Русия шуданд. Дар ним сол

Дар 6 моҳи аввали соли равон тахминан 87 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русия гирифтааст, ки дар муқоиса бо ин давраи соли гузашта ҳудуди 13 ҳазор нафар бештар мебошад.

Тибқи омори бахши муҳоҷирати Русия, ки Вазорати корҳои дохилии он нашр кардааст, дар умум талоши дарёфти шаҳрвандии ин кишвар аз ҷониби хориҷиҳо камтар шудааст.

Агар дар нимсоли аввали соли 2022 беш аз 287 ҳазор хориҷӣ соҳиби шаҳрвандии Русия шуда бошанд, дар нимсолаи аввали соли равон ин нишондиҳанда ба тахминан 205 ҳазор нафар расид.

Ба ҳисоби миёна ҳар рӯзе қариб 500 тоҷикистонӣ табааи Русияро мепазиранд ва шумораашон миёни шаҳрвандони нави ин кишвар беш аз 42%-ро ташкил медиҳад.

Шаҳрвандони Украина аз рӯи талоши дарёфти шаҳрвандии Русия пас аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷойи дуюм қарор доштааст.

Русия ҳазорон ба ҳазорон шаҳрванди Украина дар минтақаҳои ғасбшуда шиносномаи русӣ додааст.

Дар нимсолаи аввал 39 ҳазор шаҳрванди Украина соҳиби шиносномаи русӣ шудаанд. Дар умум дар давоми 7,5 соли охир 560 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русия гирифтаанд, ки аксарияташон ба солҳои охир рост меояд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *