Рубрики Хабарҳо

Нишонаҳои Аллоҳ. Ба Сахара барф борид

Биёбони Сахара, яке аз гармтарин нуқоти Замин аст ва боридани барф дар онҷоро метавон яке аз нишонаҳои Худованди ин сайёра хонд.
19 декабр бори аввал пас аз 40 сол, ба сокинони Африқои шимолӣ муяассар шуд барфро бубинанд. Бори охир барф дар ин минтақа 40 сол қабл борида буд.
“Ҳама аз дидани барф дар биёбон сахт ба ҳайрат афтода буданд” — навиштааст суратгире бо номи Карим Бушетата, сокини шаҳраки Айн-Сафрои Алҷазоир дар шимоли биёбон, ки аз он барф аксбардорӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ “барф қариб як рӯз истод, сипас ба об шудан оғоз кард.”
Шаҳраки Айн-Сафро, ки дар нуқтаи баҳамоии кӯҳҳои Атлас ва биёбони Сахара ҷойгир шудааст, бинобар ин мавқеъи ҷуғрофиаш номи “Дарвозаи биёбон”-ро гирифтааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *