Рубрики Хабарҳо

Ҷанги Украина: Байден аз ирсоли силоҳ ба арзиши $800 млн ба Украина хабар дод

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина рӯзи чаҳоршанбе дар бисту якумин рӯз аз ҳамлаи Русия ба кишвараш ба таври маҷозӣ барои аъзои кунгираи Амрико суханронӣ кард. 

Ин дар ҳолест, ки Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико аз ихтисоси як баста кумаки дифоъии ҷадид ба арзиши 800 миллион доллар ба Украина хабар дод. 

Аз сӯи дигар раҳбарони се кишвари узви Иттиҳодия Аврупо ва НАТО сешанбешаб вориди Киев, пойтахти Укррин шуданд. 

Охирин ахбор ва таҳаввулоти вобаста бо таҳоҷуми низомии Русия ба Укроин дар рӯз чаҳоршанбе 16 март:

Дирӯз 16 март баробар аст бо ҳаштумин солгарди ҳамапурсӣ дар нимҷазираи Қрими Украина. Владимир Путин 18 март расман Қримро замимаи хоки Русия кард. 

Артиши Русия бар шиддати ҳамалоти тӯпхонаӣ ба Киев, пойтахти Украина афзудааст. 

Мақомоти украинӣ мегӯянд бо вуҷуди ҳамалоти ҷадиди Русия ба бандари Мариупол эҳтимоли дастёбӣ ба тавофуқ дар ҷараёни гуфтугӯҳо бо Маскав вуҷуд дорад. 

Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико ҳафтаи оянда барои гуфтугӯ бо раҳбарони Иттиҳодия Аврупо ва ҳампаймонони кишвараш дар НАТО ба Брюссел сафар мекунад. 

Дар бастаи ҷадиди таҳримҳои Иттиҳодия Аврупо алайҳи Русия номи Роман Абрамович, соҳиб бошгоҳи Челси ҳам дида мешавад. 

****

Фаронса таҳқиқот дар бораи ҷинояти ҷангиро пас аз кушта шудани хабарнигори Фокс Нюз оғоз кард 

Пас аз кушта шудани Пйер Закревски, рӯзноманигор фаронсавӣ-ирландӣ дар Укроина, Фаронса таҳқиқотеро дар бораи ҷинояти ҷангии эҳтимолӣ оғоз кардааст. 

Дафтари додситонии миллии зидди терроризми Фаронса хотирнишон кард, ки ба далели тобеияти фаронсавӣ хабарнигорӣ кушташуда, таҳқиқоте имконпазир шудааст. Ин ниҳод таъкид кард таҳқиқот дар иртибот бо “ҳамлаи амдӣ ба ҷони як фарди таҳти ҳимояти қавонини байналмилалӣ” ва “ҳамла амдӣ алайҳи ғайринизомёне, ки мустақиман дар хусуматҳо ширкат намекунанд” анҷом мешавад. 

Пйер Закревски, филмбардори фаронсавӣ-ирландии Фокс-Нюз ва Александра Ковчиноваи укроинӣ, ки ӯро ҳамроҳӣ мекард рӯзи душанбе дар шимоли ғарби пойтахти Украина, замоне ки василаи нақлияи онҳо ҳадаф қарор гирифт, ҷон бохтанд. 

Байден: Путин ҷинояткори ҷангӣ аст 

Ҷо Байден раисҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбе барои нахустин бор Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро “ҷинояткори ҷангӣ” тавсиф кард. 

Ӯ ба хабарнигорон дар Кохи сафед гуфт: “ман фикр мекунам, ӯ як ҷинояткори ҷангӣ аст.” 

Кохи сафед дар гузашта бо истинод ба таҳқиқоти дар ҳоли анҷом дар бораи ҳамлаи Русия ба Украина аз иборати “ҷинояткор ҷангӣ” истифода накарда буд. 

Ҷен Псакӣ, сухангӯи Кохи сафед пас аз ин суханони Байден гуфт: “изҳороти раисҷумҳур худ гӯёи он аст.” Вай афзуд, ки Байден “содиқона сӯҳбат кард.” 

Ӯ гуфт, ки таҳқиқот дар вазорати хориҷа дар бораи ҷиноёти ҷангӣ ҳамчунон идома дорад. 

Байден дар ибтидо дар посух ба ин савол, ки Путин ҷинояткори ҷангӣ аст гуфт: “на” аммо билофосила ба ҷамъи хабарнигорон бозгашт то ончиро, ки аз ӯ пурсида шуд тавзеҳ диҳад. 

Вақте дубора пурсида шуд, ки оё Путин ҷинояткори ҷангӣ аст ӯ посух мусбат дод. 

***** 

Урдуғон дар талош аст то Зеленский ва Путин бо якдигар дидор кунанд 

Раисҷумҳури Туркия рӯзи чаҳоршанбе дар як тамоси телефонӣ бо ҳамтои украинии худ гуфт, ки Анқара дар талош аст то раҳбарони Украина ва Русия бо якдигар дидор кунанд. 

Тибқи баёнияи идораи иртибототи Туркия, Раҷаб Таййиб Урдуғон ва Владимир Зеленский охирин таҳаввулоти ҷанги Русия ва Украинаро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд. 

Урдуғон гуфт, ки Туркия талошҳои дипломатик барои бозгардондани сулҳро анҷом медиҳад ва ҳадафи он дастёбӣ ба оташбаси доимӣ дар сареътарин замони мумкин аст. 

Зеленский низ дар твите бо ишора ба ин тамоси телефонӣ навишт, ки бо яке аз дӯстони Украина, яъне Урдуғон гуфтугӯ кардааст. 

****

Хонаҳои маскунии наздики маркази шаҳри Киев гулӯлаборон шуд 

Виталий Кличко, шаҳрдори Киев мегӯяд гулӯлаборон Русия ба чандин хона дар маҳаллаи Подел дар ҳудуди 2.5 километрии “маҳалла давлатӣ” , ки Кохи раёсатҷумҳурӣ дар он қарор дорад, осеб расонд. 

Мақомот ҳанӯз ҷузъиёти бештаре дар бораи ин ҳамла мунташир накарданд. 

****

Вазорати дифоъи Русия ҳамла ба афрод дар сафи нон ва бомбаборони бинои театрро такзиб кард 

Вазорат дифоъи Русия гузориши мунташиршуда аз сӯи сафорати Амрико дар Киев мабнӣ бар тирандозии неруҳои ин кишвар ба 10 нафар аз афроде, ки дар сафи нон дар шаҳри Чернигов истода буданд, рад кард. 

Сафорати Амрико дар Киев дар баёниае, ки дар твиттер ва сафҳаи файсбукии худ мунташир карда буд гуфт, ки “имрӯз неруҳои Русия 10 нафарро, ки дар сафи нон дар Чернигов истода буданд, ба зарби гулӯла куштанд. Чунин ҳамалоти ваҳшатнок бояд мутаваққиф шавад.” 

Игор Конашенков, сухангӯи вазорати дифоъи Русия гуфт, ки гузориш ва видеои қурбониёни иддаое, ки дар расонаҳои мухталиф Укроин мунташир шудааст, як “фиреб аст, ки аз сӯи сервиси амнияти Укроин роҳандозӣ шудааст.” 

Конашенков гуфт, ки сафорат як хабари ҷаълии таъйиднашударо мунташир кардааст. 

Ӯ афзуд: “ҳеҷ сарбози русӣ дар Чернигов набуд ва нест. Ҳама воҳидҳо хориҷ аз маҳдудаи шаҳр ҳастанд, ҷодаҳоро масдуд мекунанд ва ҳеҷ иқдоми таҳоҷумӣ анҷом намедиҳанд.” 

Расонаҳои давлатии Русия ҳамчунин эълом карданд, ки вазорати дифоъи ин кишвар анҷоми ҳамлаи ҳавоӣ алайҳи як театр дар Мариуполро низ рад кардааст. 

****

Украина: Русия бинои театри Мариуполро, ки садҳо нафар дар он паноҳ гирифта буданд бомбаборон кард 

Мақомоти шӯрои шаҳр Мариупол гуфтанд, ки неруҳои Русия бинои театреро дар ин шаҳр бомбаборон карданд, ки дар он ғайринизомиён паноҳ гирифта буданд. 

Ин ниҳод тасвиреро аз бинои театр мунташир кард, ки нишон медиҳад дар ҳамлаи имрӯз осеби зиёде дидааст. 

Дар баёнияи шӯрои шаҳр омадааст, ки неруҳои Русия “амдан бинои театр дар қалби Мариуполро тахриб кардаанд.” 

Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷаи Укроин низ дар твите навишт: “ҷинояти ҷангии ваҳшатноки дигаре дар Мариупол. Ҳамлаи густурдаи Русия ба театри драма, ки дар он садҳо ғайринизомии бегуноҳ паноҳ шуда буданд. Акнун сохтмон комило вайрон шудааст.” 

Вай афзуд: “Мариуполро наҷот диҳед, ҷинояткорони ҷангии Русияро мутаваққиф кунед.” 

****

Байден аз ирсоли таслиҳоти дифоъии бештар ба арзиши 800 миллион доллар ба Украина хабар дод 

Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико расман аз ирсоли кумакҳои дифоъии бештар ба Киев ба арзиши 800 миллион доллар хабар дод, то маҷмӯъи кумакҳои Вашингтон ба давлати Укроин аз замони ба қудрат расидани Байден ба 2 миллиард доллар бирасад. Ҳафтаи гузашта ҳам Амрико ҳудуди як миллиард доллар ба Украина кумак карда буд. Байден дар идомаи суханони худ тасреҳ кард: “мо силоҳ дар ихтиёри укроиниҳо қарор хоҳем дод, то битавонанд аз худ дар ин рӯзҳои душвор дифоъ кунанд”. 

Раисҷумҳури Амрико ин суханонро пас аз паёми видеоии Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин хитоб ба намояндагони кунгира, баён кард. Зелеснкий дар ин паём хостори кумакҳои бештари кишварҳои ғарбӣ барои ҳимоят аз “демокросии навпойи” Украина шуд. 

*****

Созмони ҷаҳонии беҳдошт: ҳамалот ба системи беҳдошти Укроин бесобиқа аст 

Созмони ҷаҳонии беҳдошт рӯз чаҳоршанбе ҳамалоти суратгирифта ба системи беҳдошти Укроинро бесобиқа хонд ва эълом кард, ки ҳаргиз ҳамалоте дар ин сатҳ ба зерсохтҳо ва сервисҳои беҳдошти як кишвар сурат нагирифтааст. 

Тедрос Аданом Гебреисус, раиси созмони ҷаҳонии беҳдошт дар ин хусус гуфт: “системи беҳдошт ба як ҳадаф табдил шудааст.” 

Вай бо ғайри қобили қабул хондани ин рӯйкард, ки ба гуфта вай “дар ҳоли табдил шудан ба бахше аз стратегия ва токтикҳои ҷанг аст” онро хилофи қавонини башардӯстонаи байналмиллалӣ тавсиф кард. 

*****

Даҳ нафар дар сафи нон бо шиллики низомиёни Русия кушта шуданд 

Мақомоти укроинӣ мегӯянд дар пайи тирандозии низомиёни Русия ба рӯйи афроде, ки дар шимоли ин кишвар барои хариди нон саф кашида буданд, дасти кам 10 нафар ҷон бохтанд. 

Дафтари додситони Укроин бо таъйиди ин хабар эълом кард, ки тирандозӣ дар шаҳри Чернигов рӯй дода ва кулли кушташудагон афроди ғайринизомӣ буданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *