Дар остонаи сафар садри аъзами Олмон ба Чин дабири созмони Афви байналмилал аз ӯ хоста дар мавриди вазъияти нигаронкунандаи ҳуқуқи башар ба равшанӣ бо мақомоти Чин гуфтугӯ кунад. Саркӯби мӯътаризони Ҳонгконгӣ, уйғурҳо ва фаъолони ҳуқуқи башар аз ҷумлаи ин маворид аст.
Ангело Меркел имрӯз, панҷашнбе 5 сентябр роҳии Пекин мешавад. Олмон соли оянда раёсати Иттиҳодияи Аврупоро бар ӯҳда хоҳад гирифт ва мизбони иҷлоси ин иттиҳодия бо Чин хоҳад буд, ки поизи оянда баргузор мешавад.
Маркос Беку, дабири кулли Афви баналмилал хотирнишон мекунад, ки мавзӯъоти нохушоянд ҳам бояд дар гуфтугӯ миёни Олмон ва Чин матраҳ шаванд ва “мутаъассифона сиёсати ҳуқуқи башари Чин тақрибан ҳамеша яке аз ин мабоҳиси нороҳаткунанда аст.”
Ӯ мӯътақид аст, садри аъзами Олмон метавонад сафари худ ба Чинро ба фурсате барои “гузоштани сангбинои мабоҳиси ҳуқуқи башарӣ дар ин иҷлос” табдил кунад.
Маркос Беку дар баёнияе, ки Афви байналмилали рӯзи чаҳоршанбе мунташир кард, таъкид карда, ки садри аъзами Олмон “набояд аз гуфтугӯи бепарда ва расондани интиқоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба саркӯбии ваҳшиёнаи фаъолони ҳуқуқи башар, ақаллиятҳои динӣ монанди уйғурҳо ё хабарнигорон ҳарос дошта бошад ва бояд барои Чин равшан кунад, ки сиёсати ҳамгом бо мавозини ҳуқуқи башар чи гуна аст”.
Дабири кулли афви байналмилал мегӯяд садри аъзам масъулият дорад тааҳҳудоти байналмилалӣ дар заминаи иҷрои мавозини ҳуқуқи башарро ба давлати Чин ёдоварӣ кунад.
Ин ниҳоди ҳуқуқи башарӣ аз ҷумла нигарон аст, ки нерӯҳои амнияти дар Ҳонконг “ҳамчунон бо тавассул ба хушунати беш аз ҳад бо эътирозоти мусоламатомез муқобила кунанд”.
Афви байналмилал мегӯяд полиси Ҳонконг ҳафтаи гузашта дар як истгоҳ қатор бо ботум ва гази ашковар ба афроде, ки нақше дар тазоҳурот надоштанд ҳам ҳамла кардааст. Ин ниҳоди мудофеъи ҳуқуқи башар мегӯяд, ки “Чин рафтори ваҳшиёна ва худсаронаро” набояд такрор кунад ва таҳқиқи мустақиле бояд дар ин замина анҷом шавад “то равшан шавад масъулияти рафтори ваҳшиёнаи полис дар ҳафтаҳои ахир бар ӯҳдаи кист”.