Қарор буд, дар моҳи август чанд манзили навсохт, барои сокинони зарардида аз борони сел дар шаҳри Конибодом ба истифода дода шавад, аммо камбуди маблағ сабаби ба таъхир мондани корҳои сохтмонӣ шудааст
Зарурати сохтмони хонаҳои нав барои сокинони ҷамоатҳои Ортиқ Ҳамробоев ва Пӯлотони шаҳри Конибодом дар ҳоле ба вуҷуд омад, ки борони сели шаби 2 ба 3-юми июн, ҳудуди 20 хонаи сокинонро ба пуррагӣ вайрон карда, даҳҳо сар чорворо бо худ бурд. Бар асари ин офати табиӣ, ҳудуди 40 манзили дигар дар шаҳри Конибодом хароб ва даҳҳо адад нақлиёти сокинон корношоям гардид.
Комиссияи бартарафкунии паёмадҳои офати табиӣ, рӯзи 12-уми июн хисороти расида аз борони сел дар ҷамоатҳои Ғафурҷон Ортиқов ва Пӯлотони шаҳри Конибодомро дар маҷмӯъ 8 милиону 345 ҳазору 329 сомонӣ ҳисоб карда буд.
Мақомот ва сокинон рухдоди ин офати табиӣ дар шаҳри Конибодомро камсобиқа давоми даҳсолаҳои охир маънидод карда буданд.
Масъулин аз шаҳри Конибодом мегӯянд, азбаски зарари расида аз офати табиӣ зиёд буд, барои бартараф кардани он ба мушкилиҳои зиёд дучор шудаанд, аз ҷумла ба мушкили камбуди маблағ, ки сабаби ба қафо мондани корҳои сохтмонӣ гардидааст.