Рубрики Хабарҳо

Таъмини карантиниҳо ҳам ба дӯши муаллимон афтод

Мақомоти шаҳри Истаравшан таъмини 180 нафар карантиншудаҳо дар ин шаҳрро ба дӯши муаллимон ва дигар кормнандони соҳаи буҷавӣ гузоштаанд

Дар пансионати Истаравшан 180 нафар баргаштагон аз Русияро тибқи барномаи пешгирӣ аз паҳншавии коруно карантинӣ кардаанд. Тибқи иттилоъи манбаъи Паём, таъмини онҳо бо хӯрок ва дигар лавозимот ба дӯши муаллимон ва дигар кормандони соҳаҳои буҷавӣ гузошта шудааст. 

Кормандони буҷавӣ бо вуҷуди гирифтани дастмузди бисёр кам (поёнтарин дар собиқ шӯравӣ ва яке аз поёнтаринҳо дар ҷаҳон) аз тарафи мақомоти Тоҷикистон ҳамеша ғорат мешаванд. Солона чанд маротиба аз онҳо «барои корҳои ободонӣ» маблағ ситонида мешавад. Ҳамчунин аз онҳо дар маъракаҳои сиёсӣ, аз ҷумла интихобот, вохӯриҳои маҷбурӣ бо мақомдорони баландпоя, аз ҷумла раисҷумҳур, ҳашарҳо ва ғайра бидуни пардохти музд истифода мешавад.

Гуфтанист Тоҷикистон барои пешгирӣ аз шуйӯъи вируси коруно дар кишвар аз чанд кишвар ва институтҳои молиявӣ кӯмак дарёфт кардааст. Аз ҷумла аз Олмон 1 миллион евро ва аз Бонки Осиёии Рушд 200 ҳазор доллар.

Аммо зоҳиран ин маблағҳо то расидан ба ҷои лозима “обу лой” мешаванд.

Ҳамин ҳолат дар Кӯлоб низ мушоҳида шудааст. 80 нафар аз Русия баргаштаҳо дар беморхонаи Ҷерқалъа ба карантин фаро гирифта шуда, таъмини хӯрокии онҳо ба дӯши аҳолӣ гузошта шудааст. 

Танҳо қисмати беморхона ба карантиниҳо ҷудо карда шуда, қисмати дигари он мисли пештара фаъолият мекунад. Пизишкони ду самт ҳақи вориду хориҷ шуданро надоранд. 

Гуфта мешавад ду нафар аз карантиншудаҳо дар Кӯлоб бо табъи баланд дар ҳуҷраи алоҳида нигоҳдорӣ мешаванд. 

Гуфтанист, қаблан вазорати тандурустӣ аз тамоми вазорату кумитаҳои кишвар дархост карда буд осоишгоҳҳояшонро дар ихтиёри ин вазорат гузоранд, то карантиниҳоро ҷо кунад. Вале то ҳол ҳеҷ вазорате ҳозир ба ин кор нашудааст. 

Ҳамчунин осоишгоҳҳои Зумрад ва Шаҳринав, ки бо дода шудани тамоми имтиёзҳо аз тарафи давлат шароити хуби қабули карантиниҳоро доранд, ба ин маърака ҷалб нашудаанд.

Ин ду осоишгоҳ аз тарафи домодҳои раисҷумҳур Шамсулло Соҳибов ва Зоир Соҳибов хусусӣ гардонида шуда, аз пардохти боҷу андоз озод гардидаанд.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *