Ҳайати ҳизби ҷамъияти исломӣ ва тими музокиракунандаи Арги риёсатҷумҳурии Афғонистон дар давоми ду моҳи гузашта беш аз 10 бор гуфтугӯ карданд, аммо ин музокирот натиҷаи дилхоҳ надоштааст.
Атомуҳаммад Нур раиси иҷроияи Ҳизби ҷамъияти исломӣ дар ҷамъи ҳаводорони ин ҳизб эълом кард, ки сабр ва таҳаммули мо поён ёфта ва акнун замони гирифтани ҳаққамон фаро расидааст.
Пеш аз ин Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон як бастаи пешниҳодот иборат аз 12 банд ба Ҳукумати ваҳдати миллии ин кишвар дода буд, ки дар давоми музокирот рӯи онҳо баҳсу гуфтугӯ сурат мегирифт. Аммо ба назар мерасад ду тараф дар ин муддат натавонистанд ба тавофуқ бирасанд.
Атомуҳаммади Нур ва ҳизбаш раисҷумҳури Афғонистонро муттаҳам мекунанд, ки қасд дорад қудратро дар инҳисори худ дароварад ва гурӯҳҳои дигарро ба ҳошия биронад. Аммо Арг Атомуҳаммад Нурро ба мансабталабӣ муттаҳам мекунад ва мегӯяд намехоҳад аз қудрат канор биравад ва ба хотири ҳифзи қудрати худ даст ба чунин иқдомҳо мезанад.
Ин масъала ҳатто байни Абдулло Абдулло ва Атомуҳаммади Нур ҳам мушкилоти зиёде эҷод кард ва сабаби мушоҷираҳои лафзӣ байни онҳо гардид.
Аммо ахиран хабарҳое дар расонаҳои Афғонистон пахш шудааст, ки Амрико ба дунболи ташкили як Шӯрои раҳбарӣ ва сипас тамдид кардани салоҳияти Ҳукумати ваҳдати миллӣ мебошад. Яъне дар Афғонистон интихобот баргузор намешавад. Ин хабар боиси нигаронии қишрҳои мухталифи Афғонистон шудааст. Мунтақидон мегӯянд ин кор теша ба решаи демократия аст ва монеъи шаклгирии як раванд ва системи демократӣ дар ин кишвар мебошад.
Бино бар ин волии Балх аз ҳаводоронаш хост то дар поёни моҳи ҷорӣ аз 15 вилоят ба сӯи Кобул роҳпаймоӣ кунанд ва хостаҳои худро ба гӯши ҷаҳон бирасонанд.
Раиси иҷроияи Ҳизби ҷамъияти исломӣ бори дигар аз амалкарди Ҳукумати ваҳдати миллӣ дар мубориза бо маводи мухаддир интиқод кард.
Ба гузориши “Орёно нюз” вай дар идома тасреҳ кардааст: бо вуҷуди ин, ки ҳукумат беш аз 10 миллиард доллар барои мубориза бо маводи мухаддир дарёфт кардааст, аммо барои мубориза бо ин падида ҳеҷ коре анҷом надодааст.
Ин дар ҳоле аст, ки волии Балх пеш аз ин низ гуфта буд, ки аз хостаҳои худ дар баробари Арги риёсатҷумҳурии Афғонистон ақибнишинӣ нахоҳад кард.
Вай ҳушдор дода буд, ки агар Ҳукумати ваҳдати миллӣ шурути Ҳизби ҷамъияти исломиро напазирад нофармониҳои маданиро дар саросари Афғонистон алайҳи Ҳукумати ваҳдати миллӣ роҳандозӣ хоҳад кард.