Тоҷикистон барои бунёди роҳу пулҳои қисмате аз шоҳроҳи Кӯлоб – Қалъаи Хумб 105,5 миллион доллар аз Арабистони Саудиӣ ва Амороти муттаҳидаи араб дарёфт хоҳад кард.
7-уми декбари соли 2017, парлумони Тоҷикистон бо тасвиби се тавофуқнома қарор кард, ки барои таъмиру тармими ҳудуди 58 километр роҳ ва чанд пули дигар дар ин қисмати кӯҳистонӣ, аз Сандуқи тавсеъаи Арабистони Саудӣ 30 миллион доллар, Бунёди Опек дар умури байналмилалӣ 20 миллон доллар ва аз Бонки тавсеаи исломӣ 10 миллион доллар то соли 2022 қарз бигирад. Инчунин бар асоси ин тавофуқномаҳо қарор аст Тоҷикистон барои таҷдиду бозсозии ин қисмати роҳ ва пулҳои он, аз Сандуқи тавсеи Абӯзабӣ, пойтахти Амороти муттаҳидаи араб вом бигирад.
Ҳаҷми умумии ин тарҳи иқтисодӣ ҳудуди 115 миллон доллар бароварда шудааст ва боқимондаи пулҳои ин тарҳро Тоҷикистон пардохт мекунад.
Парлумони Тоҷикистон ҳадаф аз ин тарҳро кӯмак ба мардуми минтақа ва ҳамзамон фароҳам овардани шароити беҳтари интиқоли молу колоҳои тиҷоратӣ аз ин масир ба Афғонистону Покистон ва Чин унвон кардааст.