Расонаҳои ғарбӣ аз як гузориши Созмони милал хабар додаанд, ки ба проекти махфӣ дар Либия пардохтааст. Тибқи ин гузориш, ширкатҳои амнияти хориҷӣ қасд доштаанд дар ростои кумак ба генерал Ҳафтар аз вуруди киштиҳои Туркия ба Либия ҷилавгирӣ кунанд.
Мутобиқи гузориши Созмони милали муттаҳид аз қарори маълум, ширкатҳои амниятии хусусӣ дар ҳоли иҷрои проужаи маҳрамона дар Либия будаанд. Бар ин асос, Амороти муттаҳидаи арабӣ ҳидояти ин пружаро бар ӯҳда доштааст.
Хабаргузориҳои Олмон ва Блумберг рӯзи душанбе 25 май гузорише бар пояи гузориши Созмони милал мунташир карданд. Бар ин асос, гузориши Созмони милал нишон медиҳад, ки гурӯҳе аз ширкатҳои амниятии хусусӣ дар ҷанги дохилии Либия аз генерал Ҳафтар, генерали шӯришӣ ва фармондеҳи нерӯҳои мавсум ба “артиши миллии Либия” пуштибонӣ мекунанд.
Маъмурият дар пӯшиши коршиносони илмӣ
Оҷонси хабарии Олмон тавониста ба гузориши ҳудуди ҳаштод сафҳагии Созмони милали муттаҳид даст пайдо кунад. Бар асоси ин гузориш, дар авохири июни 2019 (ҳудуди 11 моҳ пеш) як ҳайати дасти кам 20 нафара дар пӯшиши “коршиносони илмӣ” аз кишварҳои Устролиё, Фаронса, Молто, Африқои ҷанубӣ, Бритониё ва Иёлоти муттаҳидаи Амрико бо ҳавопаймои борӣ вориди Аммон, пойтахти Урдун шудааст. Маъмурияти ин ҳайат “таҳқиқоти бузурги геофизикӣ” дар Либия унвон шуда буд: Мавзӯъе, ки дар гузориши Созмони милал аз он ба унвони фақат як “достони пӯшишӣ” ном бурда шудааст.
Тибқи ин гузориш, ин афрод аз аъзои ширкатҳои хусусии амниятӣ ҳастанд ва мақсади онҳо шаҳри Бенғозӣ, дар шарқи кишвари ҷангзадаи Либия будааст. Бенғозӣ дар воқеъ мақари нерӯҳои генерал Ҳафтар аст. Ин генерали шӯришӣ аз беш аз як сол пеши ҳамла ба Траблос, пойтахти Либияро аз ин минтақа ҳидоят мекунад. Ҳадафи ӯ сарнагунии давлати Либия аст.
Манотиқи ғарбии Либия дар дасти давлати ваҳдати миллӣ ба риёсати Фоъиз Ал-Сироҷ аст. Мақари ин давлат дар Траблус аст. Давлати Ал-Сироҷ аз сӯи Созмони милал ба расмият шинохта мешавад. Бахши умдаи шарқу ҷануби Либия дар дасти нерӯҳои вобаста ба генерал Ҳафтар аст. Ҳафтар аз ҷумла аз сӯи Амороти муттаҳидаи арабӣ, Русия, Фаронса ва Миср пуштибонӣ мешавад.
То кунун хабарҳои зиёде аз таҳвили ғайриқонунии силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ ба нерӯҳои Ҳафтар мунташир шудааст. Дар гузориши ахири Созмони милал низ ба як “ширкат амнияти русӣ” ишора шуда, ки ҳудуди 1200 шибҳинизомӣ дар Либия мустақар кардааст.
Қатъи масирҳои таъмини силоҳ ва таҷҳизот
Ирсоли таслиҳоти кумакӣ ба генерал Ҳафтар аз тариқи мухталиф ба таври махфиёна ҳамчунон идома дорад. Ба рағми таҳрими Созмони милал таҳвили силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ ба давлати ваҳдати миллии Фоъиз Ал-Сироҷ низ аз сӯи Анқара ба сурат мустанади ифшо шудааст. Италия, Қатар ва Туркия аз давлати ваҳдати миллии Либия дар Траблус ҳимоят мекунанд.
Дар гузориши Созмони милал маъмурияти “ҳайати илмӣ”-и ёдшуда мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Коршиносони Созмони милал аз аъзои ин ҳайат ба унвони “муздур” ном намебаранд ва ҳадафи маъмурияти онҳоро қатъи масири дарёии ирсоли силоҳ аз Туркия ба давлати ваҳдати миллӣ дар Траблус хондаанд.
Чархболҳои ҷангӣ ва қаиқҳои харидоришуда
Созмони милал дар чандин гузориш пеш аз ин низ фаъолияти муздурони хориҷӣ дар Либияро сабт ва таъкид карда буд, ки мамнуъияти вуруди таслиҳот ба Либия чандин бор нақз шудааст ва таслиҳоти низомӣ аз роҳҳои мухталиф вориди ин кишвар мешавад.
Дар апрели соли 2020 рӯёрӯии низомӣ байни генерал Ҳафтар ва давлати марказии Либия бори дигар шиддат гирифт. Иттиҳодияи Аврупо барои монеъ шудан аз густариши ҷанг дар Либия, судури ҷангафрӯз ба ин кишварро мамнӯъ кардааст.
Дар як конфронси байналмилалӣ дар моҳи январ дар Берлин, кишварҳои хориҷии даргир дар ҷанги дохилии Либия мутааҳҳид шуданд, ки ба пуштибонии тарафайни даргире идома надиҳанд ва аз таҳрими таслиҳоти мавҷуд пайравӣ кунанд. Аммо то кунун содироти силоҳ ба Либия ва набардҳо дар ин кишвар ҳамчунон идома доранд.
Сообщение ПАЁМ.net.