Ҳукумати Тоҷикистон маъракаи мубориза бо COVID-19-ро ҳам ба як маъараки сиёсӣ табдил дода, аз он ба ҳадафи таблиғи раиси ҳукумат ва хонаводаи ӯ истифода мебарад. Коргирифтатарин силоҳаш ҳам дар ин маърака силоҳи иттилоъотиаш аст, маъруф бо “Фабрикаи ҷавоб”.
То замони эътирофаш ба вуҷуди вируси коруно дар кишвар, ҳукумат аз “Фабрикаи ҷавоб” бо шиддати тамом барои инкори вуҷуди вирус дар Тоҷикистон истифода бурда, онро ҳам аз “дастовардҳои беназири пешвои миллат” медонист. Фабрика бо суръат ва хушунати тамом ба ҳар нафаре, ки мегуфт вирус ба Тоҷикистон ҳам расидааст ё хоҳад расид метохт ва онҳоро ба бадхоҳӣ а ватану миллат ва хиёнат ба кишвар муттаҳам мекард.
Муваффақияти нисбии «Фабрика»
Бояд эътироф кард, маъракаи роҳандохтаи ҳукумат бо истифода аз “Фабрикаи ҷавоб” ва расонаҳои давлатӣ (ҳарчанд онҳоро аз ҳам ҷудо кардан чандон саҳеҳ нест), бахусус телевизионҳо то ҷое корсоз буд. То ҷое, ки рӯзноманигорону зиёиёне, ки мекӯшиданд ҳади имкон озодии фикрии худро ҳифз кунанд ва аз маъракаҳои таблиғотии ҳукумат канор истанд, ба ин маърака ҳамроҳ шудаву ба тарафдорони вуҷуди вирус дар кишвар метохтанд. Ҳатто мухолифин зери таъсири ин таҳоҷуми иттилоъотии густарда қарор гирифтанд ва аз баёнияҳои тунд худдорӣ карданду тарҷеҳ доданд ба маълумоти расмӣ бовар кунанд. Ё ҳади ақал вонамуд карданд, ки бовар мекунанд, то ба бадхоҳи миллат будан муттаҳам нашаванд.
Аммо бо ба расонаҳову шабакаҳои иҷтимоъӣ роҳ ёфтани хабарҳое аз гирифторӣ ва марги афроди зиёд таносуби қувваҳо дар ин ҷанги кӯтоҳмуддати иттилоъотиро тағйир дод. Аввал мухолифин ва аз паи онон муҳоҷирину сипас фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар дохил мавқеъи ҷиддитаре алайҳи таҳоҷуми иттилоъотии ҳукумат гирифта, онро хунсо ва худи ҳукуматро маҷбур ба ақабнишинӣ ва эътирофи вуҷуди вирус карданд. Вале бо вуҷуди эътироф ҳукумат аз ҷанги иттилоъотӣ даст накашид, танҳо усули онро каме тағйир дод.
Баъди сукути тақрибан дуҳафтаӣ, “Фабрикаи ҷавоб” дубора шурӯъ ба фаъол шудан кард. Ин дафъа барои ҳимоя аз мавқеъву обрӯи бо суръат аздастравандаи ҳукумат. Мушоҳидаи мавқеъгирии Фабрика дар як моҳи охир воқеъан ҷолиб аст. Ба назари роқими ин сутур мавзӯъи хубе барои як таҳқиқи ҷомеъашиносон метавонад бошад. То эътирофи ҳукумат — ҳуҷуми бераҳмонаву дарандавор, баъди эътироф — хомӯшии комили дуҳафтагӣ, сипас — садоандозиҳои боэҳтиёт, “дӯстона” ва “маслиҳатомез”. Афсару сарбозони Фабрика ногаҳон аз дарандагони ваҳшӣ ба насиҳатгару машваратчӣ табдил шуда, шурӯъ ба пандгӯӣ ба онҳое карданд, ки ҳукуматро дар паҳншавии ин вурис дар кишвар айбдор мекарданд. Нафаронеро, ки то чанд рӯз қабл “хоин”, “бадхоҳи миллат”, “фитнагар” ва ғайра меномиданд, бо хитобҳои нарму “дӯстона” ба машварату ҳамкорӣ ва “муттаҳид шудан дар атрофи ҳукумат барои мубориза ба душмани ягона” даъват мекарданд.
Дар паи таҳоҷуми иттилоъотии мухолифин, расонаҳои озод, блогнависҳо ва дар паи он баланд шудани садоҳои эътирозӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳатто навоҳӣ, ҳукумат маҷбур ба як ақабнишинии дигар шуд — расонидани кӯмакҳои башардӯстона (ҳарчанд қисмати ками он) ба беморхонаҳо, мардуми зарардида ва табибон. Ҳарчанд то замони шиддат гирифтани эътирозҳо мақомот пуррӯёна кӯмакҳоро аз худ мекарданду мефурӯхтанд.
Ҳанӯзам пой дар узангу
Вале бо вуҷуди фаромадан аз асб, ҳукумат пой аз узангу гирифтанӣ нест, то дубора дар фурсати муносиб савори асб шавад. “Фабрикаи ҷавоб” акнун вазифаи нав гирифтааст: таблиғи “иқдомоти башардӯстонаи ҳукумат” аниқтараш “пешво” ва хонаводааш, ки ҳоло тақрибан ҳукумат ҳам бо пешвову оилааш хулоса мешавад. Барои ин кор аввал хостанд ҳатто расонаҳои мустақилро истифода кунанд. Аввалин хабари расонидани “кӯмак” аз ҷониби ширкати мутааъаллиқ ба Рустами Эмомалӣ — “Авесто Гурӯҳ”-ро ҳам Азия Плюс нашр кард, ки ҷанҷолбарангез шуд. Аз аксҳои нашршуда дида мешуд, ин кӯмакҳои Чин ҳастанд, ки аз номи ширкати писари раисҷумҳур ва шаҳрдори Душанбе ба беморхона интиқол ёфтааст.
Бо вуҷуди ифшо шудани ин қаллобӣ, “Фабрикаи ҷавоб” ва расонаҳову телевизионҳои давлатӣ ба маъракаи таблиғи хонаводаи раисҷумҳур идома медиҳанд. Кӯмакҳои расида аз хориҷро аз номи раисҷумҳур чун “кӯмаки башардӯстонаи пешвои миллат” ба фалон минтақа муаррифӣ карда, ба маҳалҳо мефиристанд ва аз он пуштибонии қавии иттилоъотиву расонаӣ мекунанд. Танҳо хабаргузории давлатии “Ховар” ҳар рӯз на кам се хабар аз “кӯмакҳои пешвои муаззами миллат” ба мардум медиҳад.
Ин таблиғот бо расонаҳо ва “Фабрикаи ҷавоб” тамом намешавад. Мақомот ба пешвози “кӯмакҳои пешво” даҳҳо муаллиму табибро ба кӯча бароварда саф меороянд ва онҳоро маҷбур бо даст пеши бар гирифтану мадҳиясароӣ мекунанд. Ҳоло, ки истифодаи наврасону донишҷӯён дар ин гуна маъракаҳо метавонад ҷанҷолҳои бузурге барангезад, барои пешвоз аз муаллимону духтурон истифода мекунанд.
Дар ҳошияи ин таблиғоти ғайрииахлоқӣ ва шармовар, “Фабрикаи ҷавоб” кам-кам аз мавқеъи дифоъӣ ба мавқеъи таҳоҷум мегузарад. Ду се рӯзи охир “мақола”-ву “номаҳои дастаҷамъӣ”-и сокинон бо маҳкумсозии мухолифин шурӯъ шудааст. Дар ҳоли ҳозир ин таҳоҷум бештар алайҳи раҳбари Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ, ки даъват ба сарнагунсозии Эмомалӣ Раҳмон кард, нигаронида шудааст. Ҳамчунин алайҳи рӯзноманигорону фаъолони сиёсӣ, ки аз ин даъват пуштибонӣ кардаанд.
Барои мисол, тибқи иттилоъи манобеъи Паём, алайҳи рӯзноманигор ба муҷрии барномаи хабарию таҳлилии Паём Шавкати Муҳаммад як “гурӯҳи разманда” аз ҳисоби аъзои “Фабрикаи ҷаоб” дар ноҳияи Ашт таъсис дода шуда, гурӯҳ вазифадор шудааст дар расонаҳо алайҳи ӯ “хабару мақолаҳо” нашр кунанд. Ҳамчунин муаллимони ҳади ақал ҷамоъати Понғози ноҳияи Ашт муваззаф шудаанд алайҳи Шавкати Муҳаммад таблиғот баранд.
Зоҳиран мақомоти Тоҷикистон аз шикасти ахирашон дар ҷанги иттилоотӣ алайҳи мухолифону фаъолон зарбаи ҷонкоҳе хӯрдаанд, ки бо истифодаи силоҳҳои пинҳонии худ шурӯъ кардаанд. Ё ба истилоҳ “асби троянӣ”. Ҳарчанд хеле содалавҳона ва ғайрикасбӣ, мақомоти амниятии Тоҷикистон ду соли охир мехостанд аз Саидҷаъфар Исмонов, раиси ҳизби демократи Тоҷикистон як “мухолиф”-и дохилӣ созанд ва вуҷуди ӯро чун вуҷуди демокросӣ дар кишвар ҷилва диҳанд. Ба ӯ ҳатто изоҷа дода буданд гоҳе ҳукуматро танқид кунад. Аммо ҳоло зӯрашон омада, ин “силоҳи пинҳони”-ашонро ба бозӣ кашидаанд. Исмонов ахиран бо навиштае дар саҳифаи фейсбукиаш аз даъвати ахири Муҳиддин Кабирӣ бо шиддат интиқод кардааст.
Ҷои мубориза бо вирус тавассути силоҳҳои корбурдшаванда дар тамоми ҷаҳон, ҳукумати Тоҷикистон аз ягона силоҳаш, ки ҳамеша ва дар ҳама ҷо кор мегирад — “Фабрикаи ҷавоб” истифода мекунад. Силоҳе, ки кӯҳнаву зангзада аст ва бештари тирҳояшро на ба самти “душман”, балки ба самти худи соҳибони силоҳ мепарронад. Аз замони таъсисаш ин фабрика он қадар зарба ба ҳукумат задаву мухолифонро таблиғ кардааст, ки камтар расонаҳои муваффақи мухолифин тавонистаанд.
Сообщение ПАЁМ.net.