Шӯрои уламои Маркази исломӣ эълон кард Иди Қурбон дар Тоҷикистон рӯзи 28 июн таҷлил хоҳад шуд. Ин Шӯро дар ҳоле эълом кард бар асоси «ҳисобҳои илмӣ» рӯзи идро муайян кардааст, ки он шоми якшанбе, 18 июн аз тарафи муфтиёти аксари кишварҳои мусалмоннишин эълон шуда буд.
Маҷаллаи «Дин ва ҷомеа», нашрияи расмии Кумитаи дин эълон карда, ки намози ид соати шаши субҳ хонда хоҳад шуд.
Ҳамзамон Шӯрои уламо имомхатибонро масъул кардааст, ки дар мавъизаҳои худ дар бораи пуштибонӣ аз ятимону бепарасторон, пешгирӣ аз исрофкорӣ ва назорати кӯдакону наврасон ҳангоми «идгардак» суҳбат кунанд.
Бо назардошти он, ки як рӯз қабл аз Иди Қурбон дар Тоҷикистон ҷашни Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад, раёсати Шӯрои уламо зимни ҷаласаи хеш аз аъзои Шӯро ва имомхатибон даъват кардаанд, ки дар мавъизаҳояшон “роҷеъ ба неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ суханронӣ” намоянд.
Иди Қурбон солҳо боз дар Тоҷикистон истироҳати расмӣ аст.
Бинобар пайиҳам омадани ду ид, тоҷикистониён дар авали ҳафтаи оянда чаҳор рӯз пайиҳам истироҳат хоҳанд кард.
Мувофиқи қарор “Дар бораи гузарондани рӯзҳои ид ба рӯзҳои дигари кории соли 2023”, рӯзи шанбеи 24 июн рӯзи корӣ буда, истироҳат ба рӯзи душанбеи 26 июн гузаронида мешавад.
Мутаносибан, якшанбеи 25 июн ва душанбеи 26 июн рӯзҳои истироҳат буда, 27 июн дар кишвар ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ (инчунин рӯзи истироҳат) ва 28 июн Иди Қурбон, ки рӯзи истироҳат низ маҳсуб мешавад, таҷлил мешавад.