Рубрики Хабарҳо

Баёнияи 5 кишвар ОМ баъди нишаст дар Кобул

Намояндагон панҷ кишвар Осиёи Миёна – Афғонистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон пас аз поёни нишаст худ дар Кобул баёнияи муштаракеро бо меҳварияти тавсеаи равобити иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, умури зербиноӣ ва сулҳу сабот содир карданд. 

Дар ин баёния омадааст: 

“Ҳадафи мо, афзоиш ва тақвияти ҳамкорӣ дар заминаҳои сулҳ, суботи иқтисодӣ миёни Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Миёна аст. Бад-ин тартиб, сармоягузорӣ, таҳкими равобити иқтисодӣ ва тиҷоратии муштарак ва тақвияти зерсохтҳо густариш хоҳад ёфт. 

Панҷ кишвари Осиёи Миёна ва Афғонистон, хушбахтии миллатҳоро дар сулҳу суботи минтақа медонанд. Ин муҳим, аз тариқи истимрори тиҷорат ва сармоягузорӣ дар зерсохтҳо ҳосил мешавад. Мо дард ва ранҷи Афғонистонро тайи чаҳор даҳа ҷанг дарк мекунем» 

Гуфтанист ширкаткунандагон дар нишасти мазкур бар рушд ва таҳкими равобити чандҷониба ва муваффақиятҳои гузашта, аз ҷумла пружаи интиқоли барқу газ ба ҷануби Осиё ва эҷоди мушорикатҳои бунёдин ва сармоягузорӣ дар заминаҳои энерҷӣ, зироаът ва ғайра таъкид карданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *