Ожонси байналмилалии энержӣ ҳушдор дод, ки маҳдуд шудани арзаи бозорҳои гази табии моеъ ва коҳиши арза тавассути тавлидкунандагони бузурги нафт, ҷаҳонро дар рӯбарӯи нахустин “буҳрони энержии воқеӣ” қарор додааст.
Фотеҳ Бирол, мудири Ожонси байналмилалии энержӣ гуфт: рушди воридоти гази табиии моеъ, LNG ба Аврупо дар gаи буҳрони Укроин ва эҳтимоли беҳбуди тақозои чиниҳо барои ин сӯхт, бозорро дучори маҳдудияти арза хоҳад кард, зеро фақат 20 миллиард метри мукааб зарфияти ҷадиди гази табии моеъ дар соли оянда вориди бозор хоҳад шуд.
Ӯ рӯзи сешанбе 25 октябр дар конфронсе дар Сингапур, ки ба муносибати ҳафтаи энер;ии байналмилалӣ баргузор шуд, гуфт: “тасмими ахири Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт ва муттаҳидонаш мавсум ба “Опек плюс” барои коҳиши тавлид ба мизони 2 миллион бушка дар рӯз, тасмими хатарзо аст, зеро Ожонси байналмилалии энержӣ интизор дошт, ки тақозои ҷаҳонӣ барои нафт дар соли ҷорӣ наздик ба 2 миллион бушка дар рӯз рушд кунад.
Бирол дар идома гуфт, ки ин тасмим ба хусус аз ин ҷиҳат хатарнок аст, ки чандин иқтисод дар саросари ҷаҳон дар остонаи рукуд қарор доранд. Афзоиши қиматҳои манобеъи энержӣ аз ҷумла нафт, гази табии ва ангиштсанг, масрафкунандагонро таҳти таъсир қарор медиҳад.
Бирол гуфт, ки агар ҳаво мӯътадил бимонад, Аврупо мумкин аст замистони имсолро пушти сар бигузорад, “ҳарчанд то ҳудуде осеб дидааст.”
Ба гуфтаи мудири Ожонси байналмилалии энержӣ, пешбинӣ мешавад, ки масрафи нафт дар соли 2023 ба мизони 1.7 миллион бушка дар рӯз рушд кунад, бинобарин ҷаҳон ҳамчунон ниёз дорад, ки нафти Русия вориди бозор шавад.
Бирол бо баёни ин ки “ҷаҳон бо вуҷуди сақфи қимат, ҳамчунон ба нафти Русия ниёз дорад”, гуфт, ки ҷараёни 80 то 90 дарсадӣ, сатҳи хуб ва дилгармкунандае барои посухгӯйӣ ба талабот хоҳад буд. Сақфи қимат барои маҳдуд кардани даромади нафти Русия ба далели ҳамлаи низомии ин кишвар ба Укроин, тарроҳб шудааст.
Бирол буҳрони энержии феълӣ дар ҷаҳонро як нуқтаи атф дар таърихи энержӣ донист, ки метавонад суръстбахшандаи густариши манобеъи энержии пок ва эҷоди як системи энержии эмин ва пойдор бошад.
Ӯ гуфт: “амнияти энержӣ, аслитарин омили таъсиргузор дар гузори энержӣ аст, зеро кишварҳо фановариҳои энержӣ ва энержиҳои таҷдидпазирро ба унвони як роҳкор мебинанд.
Ожонси байналмилалии энержӣ пешбинӣ мекунад, ки энержиҳои таҷдидпазир дар соли 2022 ба мизон 400 гигават афзоиш пайдо кунад, ки нисбат ба соли гузашта 20 дарсад рушд дорад.