Рубрики Хабарҳо

Эътимодномаи сафири Русияро муовини вазир қабул кард

Нусхаи эътимодномаи Семён Григорев, Сафири фавқулода ва мухтори Русия дар Тоҷикистонро на Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон, на вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддини Мухриддин, балки   муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ қабул кард.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳоро муҳокима намуданд.

«Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон,  Семён Григорев, сафири нави Русия дар Тоҷикистонро ба муносибати таъйин гардидан ба мансаби сафири кишвари дӯст ва шарики стратегӣ табрик намуда, ба ӯ дар фаъолияти дипломатиаш барои рушди бемайлони муносибатҳои дуҷониба муваффақият орзу намуд» — омадааст дар иттилоъия.

Гуфтанист, эътимодномаи шарикони стратегӣ ва кишварҳои муҳимро худи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ё ҳади ақал вазири корҳои хориҷӣ қабул мекард.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон зимни шикояти маъруфаш ба Путин дар Остона гуфта буд, ки «мо ба ҳамоиш дар сатҳи вазир даъват мекунем, аммо муовини вазирро мефиристанд». Ҳамчунин дар он шикояташ раисҷумҳури Тоҷикистон хостори эҳтироми кишвараш шуда буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *