Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистон: биҳиште барои дучархаронҳову гардишгарон ва… қочоқчиёну террористон

Оиди ҳодисаҳои ахири Тоҷикистон Daniel Fuchs дар рузномаи «Aargauer Zeitung» — и Суис (Швейсария) дар таърихи 3.08.2018 матлаберо ба нашр расондааст, ки хостем тарҷумаи ин матлабро пешкаши хонандагон гардонем.

Гурӯҳи гардишгарони cуисӣ аллакай «Қуллаи Ленин»-ро, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҷойгир аст ва баландии зиёда аз 7000 метрӣ дорад, фатҳ кардаанд. Онҳо дар манотиқи Помир саёҳат мекарданд. Дар он минтақаҳо телефони дастиашон ҳам мавҷ надошт. Пиёда бо борхалтаи сайёҳӣ зиёда аз 5000 метр баландиро тай карда, дар хонаи сокинони маҳал ё дар хаймаҳо шабҳоро рӯз мекарданд.

Онхо ду ҳафта қабл аз пойтахт — шаҳри Душанбе ба самти ҷануби кишвар ҳаракат карданд ва аз он минтақае, ки ин ҳодисаи мудҳиш рух дод, убур мекарданд. Худраве бо суръати баланд гардишгаронро пахш кард. Дар натиҷаи ин ҳодиса ду шаҳрванди Амрико, як шаҳрванди Суис ва як шаҳрванди Ҳоланд ба ҳалокат расиданд. Як шаҳрванди ҳоландӣ ва як сайёҳ аз Суис маҷрӯҳ шуданд. Як сайёҳи фаронсавӣ бошад хушбахтона осебе надидааст.

Ин ҳамларо ДОИШ дарҳол ба ӯҳда гирифт. Мақомот бо дифоъ аз режими диктотурии Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҷинояткорон кушта ё дастгир шуданд. Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ ва Эрон гунаҳкор дониста мешуд. Дар кӯҳҳои Помир бошад гардишгарон ҷанговарони озодро мушоҳида накарда буданд.

Дар ширкати саёҳии Globotrek бонги хатар барои муштариён зада шуд. «Мо ба раҳнамоҳои гурӯҳи гардишгарон дар тамос шуда, онҳоро аз ин ҳамла хабардор кардем», — мегӯяд Марина Вассер раиси як ширкати сайёҳӣ дар шаҳри Берни Суис. Ӯ  мегӯяд: «Мо сахт нигарон шудем, чун намедонистем, ки оё он гурӯҳи сайёҳон дар ҷои амн ҳастанд ва оё ҳолашон хуб аст ё на».

Оё ин воқеан кори оппозитсиюн буд?

Ин ҳодисаро Benno Zogg, коршинос дар «Маркази тадкикоти амниятӣ» дар донишгохи ETH (Eidgenössische Technische Hochschule — донишкадаи технологиии федеролӣ) — и шайри Зюричи Суис ки дар мавзӯи «амният дар Осиёи Миёна» тахқиқ кардааст, таҳлил карда, ба хулосае расидааст, ки ин ҳамла хоси ДОИШ аст. Ин ки ДОИШ ин хамларо ба дӯши худ гирифт, метавонад баёнгари он бошад, ки ҷинояткорон бо ДОИШ иртибот доштаанд. Наметавон бо итминон ҲНИТ ё гурӯҳи дигареро ба ин ҳамла рабт дод.

Бархӯрди ҳукуматро чаноби Zogg намунае аз бархӯрдҳо бо мухолифин меҳисобад: «Давлати Тоҷикистон мекӯшад барои сиёҳ кардани мухолифонаш ҳатто аз ҳамлаи террористии ДОИШ истифода кунадЧаро? Барои ҷавоб ба ин суол бояд назаре ба таърихи навини Тоҷикистон афканед: баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ ин ҳизби оппозитсиюн як ҳизби расмӣ ба ҳисоб мерафт ва ҳатто ҷузъе аз ҳукумат ҳам буд. ҲНИТ як меҳваре барои мухолифин буд, тарафдорони зиёде дошт ва ҳаргиз аз сиёсати тундгароӣ тарафдорӣ намекард «, — изҳор дошт ҷаноби Зогг.

Ин то соли 2015 идома кард ва дар он сол ҳукумат ҲНИТ-ро созмони террористӣ эълон ва фаъолияташро мамнӯъ кард. «Раисҷумҳур  лаҷомро аз ҳамон замон алакай кашид буд» — мегӯяд Zogg .

Ҳукуки инсон дар ҳоли баде аст

Benno Zogg Мегӯяд, агар тафтишот ба хулосае расад, ки ин ҳамла кори дасти ДОИШ аст, пас ин аввалин ҳамлаи ин созмони террористӣ дар кишвари мусалмоннишини собиқи шуравӣ ба ҳисоб меравад, ки 9 миллион аҳолӣ дорад.

«Аммо шумораи зиёди тоҷикон ба сафи ДОИШ пайвастанд, аз ҷумла афсарони воломақоми ҳукумат (Гулмурод Ҳалимов)» — мегӯяд  ҷаноби Зогг. 

Яке аз авфҳои умумии ҳукуматро ҳудуди 100 ҷангҷуёни ДОИШ истифода карда, ба ватан баргаштаанд ва бинобар дар рӯйхати авфи умумӣ ҷой гирифтанашон, зиндонӣ нашуданд. Ҳарчанд ҷаноби Зогг бар ин назар аст, ки он нафарони аз сафи ДОИШ ба ватан баргашта зери назорати шадиди мақомоти амниятӣ қарор доранд, аммо ба як нуқтаи муҳими дигар ҳам ишора мекунад: «Дар Тоҷикистон аз доишиҳо дида мухолифони сиёсӣ бештар саркӯб мешаванд».

Хатари терроризм аз ҳамсоякишвар — Афғонистон ҳам буда метавонад. Сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар байни кӯҳҳои Помир қарор дорад, ки ин маконест бисёр маҳбуб барои гардишгарон. Ин минтақа на он қадар хуб назорат мешавад ва бинобар ин биҳишти қочокчиён ҳам ҳаст. Чун онҷо роҳҳои гузаронидани молҳои қочоқӣ хеле зиёд аст ва ин метавонад кори террористонро хеле осон кунад.

Зогг бар ин назар аст, ки хатари ҳамлаҳои терористӣ ба ин минтақа аз Афғонистон ҳам аз эҳтимол дур нест. Зогг мӯътақид аст, ки фишор бар мухолифин вазъи иқтисодӣ дар минтақаро осебпазир намуда,  ноумедиро меафзояд ва  суботро аз байн мебарад: « Бо ин кор (саркӯби мухолифин) наметавон ҳамлаҳои баъдиро на дар Тоҷикистон ва на дар ягон кишвари дигари Осиёи Миёна пешгирӣ кард».

Ширкати сайёҳии Глоботрек гуфтааст дар ин сол дигар муштариёнашро барои саёҳат ба Тоҷикистон равон намекунад. Аммо барои соли оянда ин нақшаро дорад. Ин кишвар барои муштариёни ширкати номбурда хеле муносиб аст. Хосатан барои дӯстдорони табиат. Тоҷикистон табиати зебои мафтункунанда дорад.

Ширкати Globotrek мунтазири мавқеъи Вазорати умури хоричаи кишвараш аст, то бидонад, ки оё ин вазорат ҳушдор ба сайёҳони кишварро ба самти Тоҷикистон шадидтар мекунад ё хайр. Агар вазорати хориҷа барои шаҳрвандонаш сафар ба Тоҷикистонро манъ накунад, пас ин ширкати сайёҳӣ ҳозир аст ба фиристодани сайёнҳон идома диҳад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *