Categories Хабарҳо

Духтари Шабнам Худойдодова аз Тоҷикистон хориҷ шуд

Фотима, духтари 10-солаи Шабнам Худойдодова, ки 7 сол шуд модарашро надидааст, ҳамроҳ бо модаркалонаш аз Тоҷикистон хориҷ шуд. Дақоқиқе пеш Фотимаву модаркалонаш Гулиҷамиламо бо хатсайри Душанбе Алма-Ато парвоз карданд.

Дар ин бора ба Паём аз Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонони сиёсӣ хабар доданд.

Ҳафтаи гузашта духтару модари Шабнам Худойдодова тавассути кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз ҳамин хатсайр поён оварда шуда буданд.

Ситоди “Наҷоти Ҳамза”, ки қаблан таъсис дода шуда буд, билофосила ба қазияи Фотима пардохт ва флешмобу ҷамъоварии имзо дар як муроҷиъатнома пардохт. То ин соат садҳо нафар дар флешмоби наҷоти Фотима ширкат кардаанд ва дар муроҷиъатнома, ки дар сойти Change.org роҳандозӣ шудааст, беш аз 3400 нафар имзо кардаанд.

Дар Кумитаи наҷоти гаравгонони сиёсӣ гуфтанд, ки то расидани Фотима ба назди модараш барномаҳои вобаста ба ӯ, аз ҷумла флешмобу муроҷиатҳо идома хоҳад кард.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *