Ҷасади таксирони тоҷик Азаматов А., ки ба гуфтаи наздиконаш 4 рӯз пеш нопадид шуда буд, дирӯз дар яке аз мурдахонаҳои пойтахти Укроин пайдо шуд. Дар ӯ асари се захми корд дида мешавад.
Азаматов, ки ҳамсараш мегӯяд дар Киев таксиронӣ мекардааст, 4 рӯз қабл ба хона барнагашт ва зангзои ҳамсараш посух надод. Баъди ҷустуҷӯҳои зиёд ҷасади ӯро дар яке аз мурдахонаҳои шаҳр пайдо карданд.
Тибқи фарзияи пешакии мақомот, ӯ бо муштариаш баъди баҳс занозанӣ кардааст. Муштарӣ бо корд се зарба ба бадани Азаматов мезанад, ки яке аз он зарбазо вориди дил ва сабаби шаҳодати ронандаи тоҷик мешавад.
Аз ӯ ду фарзанди кӯчак ва ҳамсари ҳомила боқӣ монданд.