Рубрики Хабарҳо

Зани бисёрангушт

Агар дар дасти нафаре 6 адад ангушт бинем, як қадар бо ҳайрат менигарем, баъд ба хотир меорем, ки бале, чунин одамон ҳам ҳастанд. Аммо агар аз ин ҳам зиёд ангушт доштаҳо ҳастанд гӯям, оё бовар мекунед?  Худованд қудрати бузургашро ба ҳамин хел ҳодисаҳои аҷиб бароямон  нишон медиҳад. 

Ҳоло Кумари Наяк ба  ба китоби рекордҳои Гиннес дохил шудааст. Аз ӯ пештар як нафар чунин серангушт буд, ки шумори ангуштони дасту пояш 28 адад буданд. Аммо ин зани  63-солаи ҳиндӣ рекордсмени қаблии ин категорияро, ки ҳамагӣ 3 ангушт камтар дошт, убур мекунад. Ҳиндустон дар ҳақиқат мамлакати афсонавӣ аст, зеро дигар нафари серангушт марде бо номи  Девендра Сутара , ки соли 2014 вориди китоби реккорди гинес шуда буд, боз ҳам ҳиндустонӣ аст. 

Кумари Наяк 19 ангушт дар пойҳояш ва 12 даст дар даст дорад. Ин дороӣ  зиндагии ӯро осон накардааст.  Аммо ба шарофати вижагии худ, зан дар саросари ҷаҳон машҳур гашт ва илова бар ин, ҳамчун шахси серангушттарин номаашро ба  таърих ворид кард.

Шӯҳратманди қонуни аҷибе ҳам дорад, ки дар зиндагӣ хеле аз шӯҳратмандони шинохташуда хушбахт нестанд. Ана ҳамин Кумари Наяк низ аз қабили чунинҳост. Ҳар нафаре дар кӯча ӯро бинад, худро дар канор мегирад. Хусусан сокинони мутассиб бовар доранд, ки ҷодугар аст. Баъзеҳо каме таваққуф карда тамошо мекунанду гузашта мераванд. Кумари Наяк бештари вақташродар хона мегузаронад, зеро чунин ҳолро беҳтар медонад. На одамон ҳазар мекунанду на худаш ноҳинҷор мешавад. 

Ҳаёти Кумариро бо амалиёти ҷарроҳӣ  тағир додан мумкин аст, аммо  зани  танҳо пул надорад. Илова бар ин дигар дертар ҳам шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *