Агентии иттилоотии русии «Новости» хабар дод, ки Федератсияи Русия ба кишвари арабии Сурия 1 млрд маблағ медииҳад.
Ба гуфти Михаил Мизинсев, сардори ситоди русию суриягии ҳамоҳангсозии байниидорӣ оид ба баргардондани гурезаҳо ин маблағ барои ҳадафҳои башардӯстона сарф мешавад.
Мизенсев мегӯяд, бо истифодаи ин маблағ шабакаҳои барқ ва истеҳсолоти саноатӣ, иншооти динӣ барқарор мешаванд.
Ба гуфтаи ӯ, дар Димишқ Маркази таълими кушод ба забони русӣ муваффақона амал мекунад, ки дар он, аллакай, беш аз 100 омӯзгори забони русӣ ихтисосашонро такмил доданд.
Дар макотиби олии Русия алъон зиёда аз 1300 шаҳрванди Сурия таҳсил дошта, беш аз 1900 мутахассиси ҷавон таҳсилро анҷом додааст.