Рубрики Хабарҳо

Дар муноқишаи марзӣ як сарҳангёр ва ду сарбоз кушта шудаанд

Дар муноқишаи марзии шоми гузашта дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар маҳалли Овчӣ Қалъача се низомии артиши Тоҷикистон – як сарҳангёр (подполковник) ва ду сарбози қаторӣ кушта шудаанд. Ҷониби Қирғизистон аз марги як сарбозаш хабар медиҳад.

Хабаргузории Азия Плюс дар истинод ба манбаъаш аз мақомоти қудратӣ асмои кушташудагонро зикр кардааст, ки иборатанд аз сарҳангёр Убайдуллоев Рустам Амонулоевич соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Ҳисор, сарбоз Исломов Рамазон Аҳмадович санаи таваллудаш 28.12.1998 сокини деҳаи Киров ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Вахш ва сарбоз Суванов Ғиёсидин Наҷмидинович  санаи таваллудаш 20.02.2000 сокини деҳаи Туйчиеви ҷамоати Зардор, ноҳияи Турсунзода.

 Ҳанӯз ҳеҷ мақоми расмии давлатӣ марги низомиён дар муноқишаи дирӯзаро тасдиқ накардааст. 

Гуфтанист, дирӯз дар маҳалли Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров байни сокинони деҳаҳои марзӣ барои замин баҳс ба вуҷуд омад. Баъди дахолати сарҳадбонони қирғиз ва тирпарронӣ ба сати мардум, сарҳадбонони тоҷик ҳам вориди задухӯрд шуданд.     

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *