Рубрики Хабарҳо

Яке аз 4 пулиси маҳкумшуда фирор кардааст

Ирониддини Аҳлиддин, яке аз чаҳор корманди пешини Раёсати умури дохилии Душанбе, ки рӯзи 16-уми декабр ба зиндон маҳкум шуданд, эҳтимолан фирор кардааст.

Ӯро бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноӣ – “шиканҷа”, “вайрон намудани дахлнопазирии манзил”, “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” ва “ғайриқонунӣ дасггир ё ҳабс намудан” гунаҳкор донистанд. Ирониддини Аҳлиддин ба фарқ аз се ҳамроҳи дигараш бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ буд ва дар рӯзи қироати ҳукм дар додгоҳ ҳозир нашудааст.

Дастикам ҳабдаҳ сокини Душанбе шикоят карданд, ки чаҳор маъмури пешини милиса ҳангоми боздошт ва барои гирифтани маълумот ва ҳосил кардани иқрори иттиҳомот аз шиканҷа истифода кардаанд. Маъмурони милиса дар мурофиаҳои додгоҳӣ иттиҳомро беасос хонданд.

Ба радиои Озодӣ як манбаааш дар Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 19-уми декабр гуфтааст, Ирониддини Аҳлиддин дар рӯзи қироати ҳукм ба додгоҳ наомад ва “эҳтимол фирор кардааст ва ҷустуҷӯяш расман оғоз шудааст”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *