Рубрики Хабарҳо

Истамзода Машраф. Қотил, шиканҷагар ва таҷовузкор

Номи сарҳангёри (подполковник) пулис Истамзода Машраф Истамӣ, ки бинобар таҳдиди таҷовуз ба Нилуфар Раҷабова расонаӣ шуд, бори аввал нест, ки мавриди шубҳа ва иттиҳом ба ҷиноят қарор мегирад. Қаблан ҳам номи ӯ дар пасманзари чанд чинояти кормандони пулис ба расонаҳо роҳ ёфта буд. 

Ин афсари пулис қаблан дар шӯъбаи ВКД дар Исфара ва шӯъбаи кофтукови ҷиноии РВКД вилояти Суғд фаъолият карда буд, дар ду ҷиноят даст дошт, аммо аз об хушк баромад. 

Бори аввал баъди шиканҷаҳои тоқатфарсои ин қотил, узви ҲНИТ дар ноҳияи Исфара Умедҷон Тоҷиев худро аз остонаи сеюми идораи пулис ба замин партофт ва баъди чанде ҷон дод. Он замон дар ин бора вакили маъруфи дифоъ Файзинисо Воҳидова буд. 

Воҳидова навишта буд: “санаи 2- юми ноябри соли 2013 марҳум Умедҷон Тоҷиев аз мушту лагат, қувваи шиддатноки НБО-и Сангтуда ва аз шиканҷаи Машраф Истамов ва зертобеонаш тоқат накарда, худро аз ошёнаи сеюми бинои милисахона ба замин партофта, бо ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар ҳолати беҳушӣ ба беморхонаи марказии ш. Исфара бистарӣ шуд. Ин ҳодиса рӯзи сеюми ҷазои маъмурие ки аз тарафи суд таъин гардида буд руй дод ва Умедҷон боз 7 шабонарӯз ҷазои маъмуриро бояд адо мекард. Барои руйпуш кардани ҷинояти содиркардаи милисаҳо тамоми ниҳодҳои Исфара камари ҳимат бастанд. Худи ҳамон рӯз муфаттиши прокуратураи ш. Исфара Қаюмов Манучеҳр нисбати Умедҷон Тоҷиев парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд, худи ҳамон рӯз ӯ дар ҳолати беҳуши “пурсида” шуд, (дар беморхона ва протоколи пурсиш чопи компутарӣ), худи ҳамон рӯз судя дар беморхона иҷозати ҳабсро (санкция) содир кард, худи ҳамон рӯз дар иштироки адвокати “касбию бовиҷдон” айб эълон карда шуд ва рӯзи дигар аз Исфара ба Хуҷанд (СИЗО) интиқол дода шуд”.

Он замон Истамзода на танҳо ҷазо нагирифт, балки ба вазифаи баландтар рафт. Ӯ ба маснади сардори шӯъбаи кофтукови ҷиноии РВКД вилояти Суғд таъин гардид ва ду сол пас номаш бар иртибот бо як ҷинояти дигар, ки ба худкушии боздоштшуда анҷомид, дар расонаҳо пайдо шуд. Баъди шиканҷаи Истамзода ва зердастонаш Комил Хоҷаназаров, як сокини 24-солаи сокини Ашт даст ба худкушӣ зад. Хоҷаназаров қабл аз худкушӣ наворе сабт кард ва дар он шиканҷа шуданаш аз тарафи кормандони шӯъбаи кофтукови ҷиноии РВКД вилояти Суғдро қисса кард. Комил гуфт афсарони пулис баъди муддатҳо шиканҷа аз ӯ 6 ҳазор сомонӣ ришва гирифта ваъда додаанд, ки парвандаашро мебанданд, вале боз ба шиканҷааш идома додаанд. 

Баъди баланд шудани сарусадо дар ин маврид, 4 афсари пулис ба кашида шуданд, аммо байнашон Истамзода набуд. Ӯ чаҳор нафар зердасташро гунаҳкор ва худашро аҳ об хушк баровард. 

Инак бо гузашти се сол аз худкушии Хоҷаназаров ва 6 сол аз марги Умедҷон Тоҷиев номи Истамзода боз ба матбуот роҳ ёфт. Ин дафъа бинобар латукӯб ва таҳдид ба таҷовузи модари ду кӯдаки маъюб. Ин навбат ҳам шояд Истамзода сабабгори худкушӣ мешуд, чун рӯзи аввали латукӯб ва таҳқири Нулфар Раҷабова, ӯ ба гуфтаи бародараш Шӯҳрати Раҳматулло гуфтааст аз таҳаммули ин таҳқирҳо марг барояш авлотар аст. Хушбахтона имон ва ҷасорати Нилуфар ӯро аз худкушӣ нигаҳ дошт.

Истамзода дар ҳоле алайҳи сатрдорон мубориза мебарад, онҳоро таҳқир ва таҳдид ба таҷовуз мекунад, ки тибқи нақли шоҳидон ҳамсари худи ӯ сатрпӯш аст. Нақли қавл аз як навиштаи дигари худораҳматӣ Файзинисо Воҳидова: “Як моҳ қабл, дар як баҳси шаҳрвандӣ ҳамсари сардори шӯъбаи кофтукови ҷинояти РВКД ҶТ дар вилояти Суғд полковники милитсия Истамзода Машраф ба мурофиаи судӣ ҳозир шуд, ки сатру ҳиҷоб ба бар кардааст. Чаро ба зани полковник сатру ҳиҷоб мумкин асту ба дигарон не? Ман шахсан нисбати ин зани полковник ҳеҷ даъвое надорам, пӯшиши либос ҳақи ҳалоли худи инсон мебошад. Ва ҳамзамон, ман худам низ сатру ҳиҷоб надорам, ин ҷо сухан аз беадолатӣ ва нобаробарии қишри ҷомеъа дар назди қонун ва дахолат ба ҳаёти шахсии инсон меравад”.

Аммо тибқи маълумоте, ки як манбаъ ба Паём додааст, Истамзода бамаротиб ваҳшитар аз он аст, ки боздоштшудаҳоро шиканҷа ва ба бонуе таҳдиди таҷовуз кунад. Ба зудӣ таҳқиқоти Паём дар бораи  ин дарандаи ваҳшӣ дар либоси пулис нашр хоҳад шуд. Ҳоло ҳамин қадар мегӯем, ки ин даранда дар чандин ҷинояти дигари шиканҷа, куштор, таҷовуз, ришваситонӣ ва ғайра даст дорад. 

Мо ба вокунуши Вазорати корҳои дохила ва Додситонии кулл ба ҷиноятҳои ин даранда бовар надорем. Онҳо то метавонанд, чуноне ки то имрӯз кардаанд, аз ӯ ҳимоят хоҳанд кард. Бинобар ин тасмим гирифтаем худамон чеҳраи воқеъии ин афсари ВКД-ро ифшо кунем. 

Паём аз тамоми онҳое, ки аз дасти ин хунхор ранҷ дидаанд ва ҳамаи онҳое, ки дар бораи ҷиноятҳои ӯ маълумот доранд эҳтиромона хоҳиш мекунад дар таҳқиқот дар бораи  ӯ ба мо кӯмак кунанд ва ҳар маълумоте наздашон ҳаст ба мо ирсол намоянд. Ҳамчунин аз ҳамдеҳагони ӯ, сокинони деҳаи Некноти ноҳияи Панҷакент хоҳиш мешавад дар бораи ӯ маълумоти муфассал ба мо ирсол намоянд. Ҳифзи сирри тамоми асноди шахсии шуморо кафолат медиҳем. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *