Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин рӯзи душанбе 25 сентябр, аз вуруди нахустин тонкҳои амрикоии “Абрамс” ба кишвараш хабар дод.
Зеленский дар телеграм навишт: “Абрамс дар ҳоли ҳозир дар Укроин аст.” Амрико ҳафтаи гузашта ваъда дода буд, ки ба зудӣ нахустин тонкҳои “Абрамс”-ро ба Киев таҳвил диҳад.
Нахустин тонкҳои Абрамс дар ҳоле ба Киев таҳвил дода шуда, ки Укроин аз ҳамлаи “густурда”-и Русия ба шаҳри бандарии Одесса дар ҷануби ин кишвар хабар додааст.
Ба гуфтаи мақомҳои укроинӣ дар пайи ин ҳамла, як нафар маҷрӯҳ ва хисороти зиёде ба зерсохтҳои шаҳри бандарии Одесса ворид шуд.
Бино бар гузориши артиши Укроин, Русия шаби якшанбе сентябр бо 19 паҳподи “эронӣ аз навъи “Шоҳид”” ва ду фарванд мушаки фавқисадоии “Эникс” (Enix) ба шаҳри Одесса ҳамла кардааст.
Артиши Укроин ҳамчунин эълом кард, ки артиши Русия дар ҳамлаи шаби якшанбе аз 12 мушак болдори “Калибр” ҳам истифода кардааст.
Бино бар эъломи артиши Укроин, сомонаи падофанди ҳавоии ин кишвар бо сарнагун кардани ҳамаи паҳподҳо ва 11 мушаки Калибр тавонистааст ин ҳамларо хунсо кунад.
Артиши Укроин ҳамлаи Русия ба ин кишварро “густурда” тавсиф ва эълом кард, ки як мушаки фавқисадоии “Эникс” ба як анбори захираи ғалла, ки холи буда, исобат кардааст.
Артиши Русия ба таври муназзам ин минтақа аз ҷануби Укроинро, ки дар канори баҳри Сиёҳ аст, ҳадаф қарор медиҳад.
Ҳамалоти артиши Русия ба шаҳрҳои бандарии Укроин пас аз он ки Маскав дар моҳи июл бар идомаи тавофуқномаи ғалла ризоят надод, афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин хабарҳо аз ҳамлаҳои паҳподии мутақобили Укроин ба Русия ҳикоят доранд. Вазорати дифоъи Русия рӯзи душанбе дар телеграмм аз сарнагунсозии чаҳор паҳподи укроинӣ бар фарози шибҳиҷазираи Крим ва шимоли ғарбии баҳри Сиёҳ хабар дод.
Бино бар гузориши вазорати дифоъи Русия, ду паҳподи дигар бар фарози шаҳри Курск сарнагун шуданд. Мақомҳои маҳаллии шаҳри Курск гуфтанд, ки дар пайи ин ҳамлаи паҳподӣ агарчи як сохтимон осеб дида, аммо талафоте вуҷуд надоштааст.
Вазорати дифоъи Русия ҳамчунин аз сарнагунсозии ду паҳпод бар фарози шаҳр Брянск хабар дод.