Categories Хабарҳо

Арабистон ба назорати маҳдуди Ожонс бар фаъолиятҳои ҳастаии худ поён медиҳад

Арабистони саудӣ рӯзи душанбе эълом кард, ки тасмим дорад ба назорати маҳдуди Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бар фаъолиятҳои ҳастаии худ поён диҳад ва мутобиқи хости ниҳоди нозири Созмони милал, фаъолиятҳои ҳастаии худро таҳти “режими кафолатҳои фарогири Ожонс” идома диҳад. 

Абдулазиз ибни Салмон, вазири энергии Арабистони саудӣ, дар конфронси умумии солонаи Ожонси байналмилалии энержии атомӣ гуфт: “подшоҳии саудӣ ахиран тасмим гирифт то бо насхи “протаооли маводи ҳастаӣ бо миқодири кам” (SQP) ба самти иҷрои тавофуқномаи кафолатҳои фарогир ҳаракат кунад.” 

“Протоколи маводи ҳастаӣ бо миқодири кам” муқаррароти кафолатҳоро ба он шакле, ки дар Паймони манъи густариши таслиҳотӣ ва ё протоколи илҳоқӣ матраҳ аст, дар бар намегирад ва ҳамин амр мӯҷиб шуда то бархе кишварҳо бо истифода аз халоъҳои мавҷуд дар ин протокол, фаъолиятҳои ҳастаии худро муддатҳо ба таври махфиёна идома диҳанд. 

Ожонси байналмилалии энержии атомӣ солҳост, ки дар ҳоли музокира бо Риёз ба манзури ҷалби мувофиқати ин кишвар барои пайвастан ба Тавофуқномаи кафолатҳои фарогири (CSA) будааст. 

Албатта вазири энержии Арабистони саудӣ рӯзи душанбе мушаххас накард, ки оё кишвараш афзун бар тавофуқномаи кафолатҳои фарогир, протакрли илҳоқии Ожонси байналмилалии энергии атомиро низ имзо хоҳад кард ё на; Протоколе, ки имкони баррасиҳои густурдатар ва сар задани бозрасони Ожонс аз таъсисот ва фаъолиятҳои ҳастаии ин кишварро фароҳам мекунад. 

Ин дар ҳоле аст, ки Эрон протоколи илҳоқиро таҳти унвони тавофуқи ҳастаӣ соли 2015 бо қудратҳои бузург имзо кард, аммо пас аз хурӯҷи Доналд Трамп, раисҷумҳури вақти Амрико аз он дар соли 2018, иҷрои ин протокол мутаваққиф шуд. 

Арабистони саудӣ барномаи ҳастаии навпое дорад вале ба думболи тавсеаи он ва оғози фаъолиятҳои ғанисозии ураниум аст. Барномае, ки нигаронӣ аз оғози рақобати ҳастаӣ миёни Эрон ва Арабистонро афзоиш хоҳад дод. 

Арабистони саудӣ ахиран эълом кард, ки амалиёти сохти як реактори таҳқиқотии ин кишвар, ки дар наздикии Риёз мустақар шуда, рӯ ба итмом аст ва интиқоли сӯхт ба он ба зудӣ оғоз мешавад. Риёз ҳамчунин фаъолиятҳои ҳастаӣ аз ҷумла ғанисозии ураниумро бо ҳадафи тавлиди сӯхти ҳастаӣ дар дастури кори худ дорад. 

Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди саудӣ ва раиси Шӯрои вазирони Арабистон низ ҳафтаи гузашта ва дар гуфтугӯие бо шабакаи амрикоии Фокс-нюз эълон кард, ки дар сурати сохти силоҳи атомӣ тавассути рақиби минтақаии кишвараш яъне Эрон, Риёз ҳам аз муттаҳидони ғарбии худ ба вижа Иёлоти муттаҳида мехоҳад то дар сохти силоҳи ҳастаӣ ба Арабистон кумак кунанд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *