Рубрики Хабарҳо

Урдуғон бо пирӯзии навбатиаш чӣ ба даст овард?

Туркия имрӯз, якшанбеи 16 апрел, шоҳиди ҳамапурсии таърихӣ бар сари анҷом ислоҳот дар қонуни асосӣ шуд, ки чеҳраи низоми ҳоким бар ин кишварро тағйир дод. Ё аниқтараш дар соли 2019 тағйир хоҳад дод. Баъди ин ҳамапурсӣ низоми Туркия аз парлумонӣ ба риёсатҷумҳурӣ тағйир хоҳад кард.

Мардуми Туркия 51,2 даосад ба тарафдории тағйироти пешниҳодшуда овоз дод ва Ҳизби ҳокими Адолат ва тавсеъаи ин кишвар ба пирӯзии нав даст ёфт.

Акнун суол ин аст, ки баъди ин пирӯзӣ дар ихтиёроти Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия чӣ тағйире хоҳад шуд?

баъди ин раъйпурсӣ, Раҷаб Таййиб Урдуғон аз лиҳози назарӣ хоҳад тавонист то сол 2029 дар қудрат боқӣ бимонад. Дар ислоҳоти пешниҳодшуда, интихоботи риёсатҷмҳурӣ ва парлумони оянда, ҳамзамон дар рӯзи 3 ноябр баргузор хоҳанд шуд. Раисҷумҳур ҳам ме‎тавонад ду давра паёпай, ки ҳар давра 5 сола аст, дар қудрат бошад. Чунончи ин ислоҳот аз ибтидои сол 2019 ба иҷро даромада, Урдуғон метавонад то соли 2029 дар сари қудрати Туркия боқӣ бимонад.

ба гузориши хабаргузориҳои Анодолу ва Франс-пресс, Урдуғон ба ихтиёроти иҷроии густурдае даст хоҳад ёфт, ки шомили барканории вузарои баландпоя ва кормандони давлатӣ мешавад.

раисҷумҳур хоҳад тавонист мансаби нахуствазирро лағв карда, як муовин ё бештар барои кӯмак ба худ дар идораи ҳукумати иҷроия, мансуб кунад.

раисҷумҳури Туркия ҳақ хоҳад дошт аз роҳи таъйини 4 тан аз аъзои Шӯрои олии қозиҳо ва додситонон, дар умури дастгоҳи қазоӣ мудохила кунад. Ин шӯро ихтиёр интисобҳо ва барканориҳоро дар дастгоҳи қазоӣ дорад. Парлумон ҳам ихтиёри таъйин 7 узв шӯроро дорад. Шоёни зикр аст қонун асоси кунунӣ, ки дар сол 1982 пас аз кудатои низомии сол 1980 тасвиб шуд, зомини истиқлоли додгоҳҳо аз ҳар дастгоҳ ё мақоме мешавад.

ислоҳоти пешниҳодӣ ба раисҷумҳур ихтиёри эъломи вазъияти фавқулодаро дар сурати рӯй додани «шӯриш алайҳ ватан ё вуқӯъи хушунатҳои мунҷар ба шикоф дар миллат» медиҳад. Раисҷумҳур ин ихтиёрро хоҳад дошт, ки ҳатто бидуни раҷӯъ ба парлумон, вазъияти фавқулода эълом кунад. Ў ҳамчунин ихтиёри кӯтоҳ кардани муддатзамон вазъияти фавқулода, тамдиди он ё қарор доданаш дар ихтиёри парлумонро хоҳад дошт.

ислоҳот, муддати замони аввалияи вазъияти фавқулодаро 6 моҳа дониста, дар ҳоле, ки қонун асоси кунунӣ, онро ба 12 ҳафта маҳдуд кардааст. Дар қонуни асосии феъли парлумон бо дархост раисҷумҳур, ҳар 4 моҳ метавонад иҷрои қонуни вазъияти фавқулодаро тамдид кунад.

парлумон ҳамчунон ихтиёри тасвиб, ислоҳ ва лағви қавонин ва назорат бар фаъолитҳои раисҷумҳуриро хоҳад дошт. Аъзои парлумон аз 550 тан ба 600 тан афзоиш хоҳад ёфт ва ҳадд ақалли син намояндагон аз 25 сол ба 18 сол коҳиш хоҳад ёфт. Ҳамчунин интихоботи парлумонӣ ҳар 5 сол як бор ҳамзамон бо интихоботи риёсатҷумҳурӣ баргузор хоҳад шуд. Дар қонуни асосии кунунӣ, давраи парлумон 4 сола аст.

бар поя ислоҳоти ҷадид, раисҷумҳур ихтиёри судури бахшномаҳои раёсатӣ дар бораи тамоми масоили мутааллиқ ба ҳокимияти иҷроияро хоҳад дошт, аммо наметавонад дар масоиле, ки қонун дар бораи онҳо тасвиб шуда, бахшнома содир кунад.

дар ислоҳот пешниҳодӣ, агар раисҷумҳур муттаҳам шавад, ё шубҳаҳое дар бораи иртикоби ҷурме аз сӯи ӯ матраҳ шавад, парлумон метавонад бо тасвиби се панҷуми аъзо, ҳостори оғози таҳқиқ дар ин бора шавад.

ислоҳоти ҷадид ба раисҷумҳур иҷозаи вобастагӣ ба ҳизби сиёсиро хоҳад дод; Банде, ки ба Урдуғон иҷозаи ҳифзи риёсати Ҳизби адолат тавсеаро хоҳад дод. Ин дар ҳолест, ки раисҷумҳур дар ҳоли ҳозир, бояд ба бетарафӣ дар баробари аҳзоб, пойбанд бошад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *